Факултети иқтисодиёт ва тиҷорат соли 1987 ташкил ёфтааст ва солҳои гуногун бо номҳои зерин фаъолият намудааст.
Солҳои 1987-1990 - факултети иктисодиёт ва баҳисобгирӣ;
Солҳои 1990-1995 - факултети молшиносӣ ва тиҷорат;
Солҳои 1995-1997 - факултети тиҷорат ва технология;
Солҳои 1997-2021 - факултети тиҷорат ва гумрук;
Аз соли 2021 - факултети иқтисодиёт ва тиҷорат.
Дар солҳои гуногун ба факултет олимони зерин роҳбарӣ намудаанд:
Салий В.В. - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент (1987-1988);
Абдуназаров Н. - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент (1988-1992);
Ҳусейнов К.Б. – номзади илмҳои кимиё, дотсент (1992-1997);
Раҷабов Р.К. - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент (1997-1999);
Маҷидов Ҳ.М. – доктори илмҳои техникӣ, профессор (1999-2008);
Салимов Н.С. - номзади илмҳои физика ва математика (2008-2017);
Саидова М.Ҳ. - доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент (2017-2021);
Ҷабборов А.А - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент (2021-2022);
Мухторзода С.С. - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент (2022-2024);
Хоҷазода Д. Х. – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент (2024-2025).
Ба факултет кафедраҳои зерин вобаста карда шудааст:
- баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит;
- иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ;
- математика ва фанҳои табиатшиносӣ;
- технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт.
Факултет мутахассисонро дар асоси низоми кредитии таҳсилот аз рӯи ихтисосҳои зерин тайёр мекунад:
250108 - баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит;
25010801 - баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо;
250111 - аудит ва ревизия;
31030408 – web дизайн ва графикаи комютерӣ;
40010202 - технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт;
250112 - информатикаи иқтисодӣ;
26020101 – бизнес-маъмуриятчигӣ дар соҳаи истеҳсолот ва хизмат;
250107 – иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо;
25010705 – иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳои савдо;
25011026 – иқтисодиёти рақамӣ;
25010731 – иқтисодиёти бизнеси электронӣ;
Дар факултет ҳайати соҳибтаҷрибаи профессорону омӯзгорон ва кормандон фаъолият намуда, саҳми арзандаи худро дар таълиму тарбия, омода намудани кадрҳои баландихтисос, боло бурдани эҳсоси худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори ватандории ҷавонон мегузоранд.
Айни замон синфхонаҳои факултет бо технологияи муосир, аз ҷумла тахтаи электронӣ ва видео-проекторҳо муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани ҷараёни таълим мусоидат менамоянд.
Дар факултет ҳамасола маҳфилҳои гуногуни илмию эҷодӣ, олимпиадаҳо, викторинаҳо, конфронсҳо ва семинарҳои илмӣ гузаронида шуда, донишҷӯён дар ин тадбирҳои муҳимми илмию фарҳангӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Дар айни ҳол хатмкардагони факултет дар мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои Иттифоқи Тоҷикматлубот, донишгоҳҳо, бонкҳо, корхонаҳои савдо ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат бомуваффақият кор ва фаъолият менамоянд.
Дар байни донишгоҳ ва вазорату муассисаҳои гуногуни давлатӣ шартномаҳои ҳамкорӣ баста шудааст ва дар ин асос донишҷӯён барои гузаштани таҷрибаомӯзӣ ва минбаъд таъмин шудан ба кор доимӣ имконияти васеъ доранд.
Аз 01-уми сентябри соли 2025 роҳбарии факултетро номзади илмҳои ҳуқуқ, и.в. дотсент Ғайратов Тимуршо Муборакшоевич ба уҳда дорад.
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 