-->

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

12 Октябр 2020
K2_ITEM_AUTHOR 

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Маркази мусоидати ҳуқуқӣ ба рушди соҳибкорӣ баргузории Мизи мудаввари фосилавро дар мавзӯи “Проблемаҳои методикаи таълими фанҳои ҳуқуқшиносӣ дар шароити низоми кредитии таҳсилот” бахшида ба хотираи н.и.ҳ., дотсент Ҷалилов Ҷабор Раҷабович ба нақша гирифтаанд.

Санаи баргузорӣ:  27 ноябри соли 2020, соати 09.00. Забони чорабинӣ – тоҷикӣ, русӣ.

Ба Мизи мудаввар мазкур омӯзгорони фанҳои ҳуқуқшиносӣ, масъулони бахши таълими макотиби олӣ, муттахассисони амалия ва намояндагони корфармоён, ки нисбати мавзӯъ таваҷҷуҳ доранд, даъват карда мешаванд. Маводи ҷамъбастии чорабинӣ аз рӯйи натиҷаҳои тақриз ва санҷиши пешакӣ дар сомонаи донишгоҳ ҷойгир карда мешаванд.

Барои иштирок дар чорабинӣ то 15 ноябри соли 2020 ирсоли дархост ба суроғаи ҳамоҳангсоз (Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.) бо зикри насабу ном, дараҷаи илмӣ, ҷой кор, мансаби ишғолкарда ва мавзӯи баромад зарур мебошад.

Дар мавзӯи мактуб лутфан рамзи Мизи мудавварро нишон диҳед: ЮКС-ДД-20. Баъди қабули маълумот Кумитаи тадорукот мувофиқатии мавзӯи баромадро бо рӯзномаи Мизи мудаввар месанҷад ва дар давоми ду рӯзи корӣ ба суроғаи электронии муаллиф оид ба ворид намудан ба барномаи чорабинӣ ё ради он бо зикри сабаб хабар медиҳад.

Дархосте, ки баъди муҳлат ворид мегардад, ба барнома ворид карда намешавад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top