-->

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

12 Октябр 2020
K2_ITEM_AUTHOR 

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Маркази мусоидати ҳуқуқӣ ба рушди соҳибкорӣ баргузории Мизи мудаввари фосилавиро дар мавзӯи “Масоили мубрами рушди ҳуқуқи маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида ба хотираи Ходими хизматнишондодаи илми ФР, д.и.ҳ., профессор Волович В.Ф., ки дар омода намудани кадрҳои баландихтисос барои Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштааст, ба нақша гирифтаанд.

Санаи баргузорӣ:  25 декабри соли 2020, соати 09.00. Забони чорабинӣ – тоҷикӣ, русӣ.

Ба Мизи мудаввар докторон ва номзадҳои илм дар соҳаи ҳуқуқи маъмурӣ, омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии тахассусӣ, докторантҳо, аспирантҳо, магистрантҳо, мутахассисони амалия, ки нисбати мавзӯъ таваҷҷуҳ доранд, даъват карда мешаванд. Маводи ҷамъбастии чорабинӣ аз рӯйи натиҷаҳои тақриз ва санҷиши пешакӣ дар сомонаи донишгоҳ ҷойгир карда мешаванд.

Барои иштирок дар чорабинии мазкур то 10 декабри соли 2020 ирсоли дархост ба суроғаи ҳамоҳангсоз (Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.) бо зикри насабу ном, дараҷаи илмӣ, ҷой кор, мансаби ишғолкарда ва мавзӯи баромад зарур мебошад.

Дар мавзӯи мактуб лутфан рамзи Мизи мудавварро нишон диҳед: ЮКС-ВФ-20. Баъди қабули маълумот Кумитаи тадорукот мувофиқатии мавзӯи баромадро бо рӯзномаи Мизи мудаввар месанҷад ва дар давоми ду рӯзи корӣ ба суроғаи электронии муаллиф оид ба ворид намудан ба барномаи чорабинӣ ё ради он бо зикри сабаб хабар медиҳад.

Дархосте, ки баъди мӯҳлат ворид мегардад, ба барнома ворид карда намешавад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top