ПЕШВОИ МИЛЛАТ - АСОСГУЗОРИ САТРИ ТИЛЛОИИ ТАЪРИХИ НАВИНИ ТОҶИКОН!
Мавриди зикри хос аст, ки истиқлолияти давлатӣ, ки барои Тоҷикистони азизи мо дар солҳои охири асри бистум насиб гардид, пас аз ҳазору сад соли давлати Сомониён як қатор бархўрду душвориҳоро пешорўи кишвари мо гузошт. Дар чунин лаҳзаҳои нобасомон ва авҷи ноумедиҳо Ичлосияи таърихӣ ва тақдирсоз 16 - уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он шахси бузургу матинирода ва раҳнамои миллати тоҷик муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон роҳбари нави кишвар интихоб гардид. Аз рўзҳои аввали сарвариаш ба хотири гирифтани пеши роҳи хунрезӣ, баргардонидани гурезаҳо, барпо кардани сулҳу салоҳ ва осоиштагии мардум гунаҳкоронро бахшид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди 23 рўзи савганди таърихиаш моҳи декабри соли 1992, дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфта буд: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман барои ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисону фарзандони барўманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азиаткашидаам бовар дорам»
Пешвои миллат на танҳо ба ин қасамаш содиқ буд, балки барои иҷрои он фидокорона кўшиш ба харҷ дод, Ў вазифаи муқаддаси худро хеҷгоҳ фаромўш насохт. Ў ҳамчун Сарвари давлат то расидан ба ваҳдати миллӣ оромиро эҳсос намекард, рўҳаш барои зиндагии нотинҷи кишвар, сўхтану бетартибиҳои яроқбадастон азият мекашиду қалбаш ба аҳволи мардуми фирорӣ месўхт. Дар чунин як ҳолати тоқатфарсо пайваста ба мардуми фирорӣ мегуфт: «Ҳамдиёрони азиз, ба Ватан баргардед! Ба Шумо кўҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як пораи ноне, ки дорем бо ҳам мехўрем» Ҳамин самимият ва муҳаббат буд, ки як миллон гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ ба ҷои зисти аввала баргардонида шуд, 36 000 хонаи пурра ва ё қисман харобгашта, дар як муддати кўтоҳ пурра барқарор гардид.
Ба ҳамагон маълум аст, ки солҳои 90-уми қарни XX саросари кишварро бўҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаро гирифта, ҳокимияти давлатӣ ва шохаҳои он фалаҷ гашта буд. Ҷумҳуриро хавфи парокандагӣ ва аз байн рафтани миллат таҳдид мекард. Он солҳо рўзҳои мудҳиштарин тоҷику Тоҷикистониёнро ба ваҳму таҳлука андохта буд. Сабабҳои асосии ин ҷангҳои хонумонсўзу бародаркуш, маҳалгароӣ, мансабталошӣ, фирефта шудани ҷавонони бетаҷрибаи ҳаётнадида, ки ба суханони хоҷагони зархариди беруна бовар карда, ба даст яроқ гирифта будаанд. Онҳоро душманони миллати тоҷик бо яроқу аслиҳаҳо, маводу маблағҳо таъмин мекарданд, то ин ки Тоҷикистонро ба харобазор табдил диҳанд
Бо сарварии Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва ташаккули муносибатҳои нави иқтисодиро вазифаи асосӣ эълон намуда, рушди босуботи иқтисодӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар таъмин карда шуд.
Ба ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ густариш бахшида, ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар заминаҳои мустаҳкам гузошта шуд. Солҳои охир дар мамлакат як қатор нерўгоҳи хурду миёнаи барқи обӣ, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ бунёд гардид, ки яке аз намунаҳои олии он бунёди иншооти аср — НБО-и «Роғун» мебошад. Ин ормони миллие, ки тайи чандин даҳсолаҳо фақат орзу буд, имрӯз ба воқеияти аслӣ табдил гардид. Воқеан ҳам, бунёди ин Кохи нур шаҳодати ҳамдилии Пешвои миллат бо ҷонибдорӣ аз неруи тавонову созандаи мардуми сарбаландаш мебошад, ки дастоварду муваффақиятҳоро дар самти амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ таъмин хоҳад намуд.
Тавассути кўшишу талошҳои пайваста ва пешниҳодҳои Сардори давлат вобаста ба проблемаҳои глобалӣ Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ соҳиби эътибору нуфузи баланд гардид. Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ ва дар иҷлосияҳои он раисӣ намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро натанҳо ба масъалаҳои Тоҷикистон, балки ба проблемаҳои умумиҷаҳонӣ, аз ҷумла, бо пешниҳоди Пешвои миллат Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-юмро «Соли байналхалқии оби тоза» ва солҳои 2005-2015-ро даҳсолаи «Об барои ҳаёт» ва ниҳоят солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон кард.
Бо итминони комил метавон афзуд, ки воқеан ҳам, миллате, ки Пешвояш чун Эмомалӣ Раҳмон асоси бунёдгузори Кохи ваҳдату дўстӣ ва сафобахшандаи нуру зиё бошад аз корнамоии роҳи тайкардааш, ҳамчун абармарди сиёсатмадори олам ҳам ифтихору сарфарози мебояд кард.
МУРОДОВ ҶЎРАБЕК ҚУРБОНАЛИЕВИЧ - Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе