“CIRCULEC”: ТАҲИЯ ВА ТАКМИЛИ ФАНҲОИ ТАХАССУСӢ ДАР ДДТТ МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ ИҚТИСОДИЁТИ ДАВРӢ

Бинанда: 358 | Санаи нашр: 16 апреля 2025

Дар доираи лоиҳаи “CirculEC” ҳайати профессоронфу устодони ДДТТ, ки дар донишгоҳҳои Неапол (Итолиё), Билефелд (Олмон) ва Сантяго-де-Компостела (Испания) дар тренингу семинарҳои омузишӣ иштирок доштанд, ба таҳияи фанҳои нави таълимӣ шурӯъ намуданд. Дониш ва маводҳои бадастомада асоси фанҳои нави иқтисодиёти даврӣ, иқтисодиёти сабз, моделҳои тиҷорати даврӣ ва устувор гардиданд. Илова бар ин, фанҳои хондашаванда дар ДДТТ: “Асосҳои менеҷмент”, “Иқтисодиёти корхона” ва “Асосҳои соҳибкорӣ” аз нуқтаи назари иқтисодиёти даврӣ аз нав таҳия мегарданд. Фанҳои мазкур дар ояндаи наздик аз ҷониби коршиносони донишгоҳҳои шарики аврупоӣ арзёбӣ шуда, баъд аз он аз соли хониши 2025-2026 сар карда ба раванди таълимии ДДТТ ҷорӣ карда мешаванд.

 

Наш адрес

Адрес: 734061, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Дехоти 1/2, Таджикский государственный
университет коммерции

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top