ИШТИРОК ДАР БАРНОМАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЭРАСМУС+ KA171

Бинанда: 22 | Санаи нашр: 13 мая 2026

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои аврупоӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Яке аз самтҳои муҳими ин ҳамкорӣ татбиқи барномаи байналмилалии Эрасмус+ KA171 (International Credit Mobility) мебошад, ки ба рушди иқтидори илмӣ, мубодилаи таҷриба ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат менамояд.

Дар доираи барномаи мазкур мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ Рустамзода Фитрат Музафар аз 4-ум то 8-уми майи соли 2026 дар ҳафтаи байналмилалӣ, ки дар Донишгоҳи Вигои Шоҳигарии Испания баргузор гардид, ширкат варзид.

Мақсади барнома баланд бардоштани малакаву салоҳиятнокии касбии омӯзгорон ва мубодилаи таҷриба мебошад.

Дар ҳафтаи байналмилалӣ 40 нафар намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҷумҳуриҳои Испания, Фаронса, Олмон, Италия, Лаҳистон, Чехия, Украина, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок намуданд.

Намояндаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Рустамзода Фитрат Музафар барномаи мазкурро бо муваффақият анҷом дода, бо дипломи барномаи Эрасмус+ КА171 сарфароз гардид.

 

Наш адрес

Адрес: 734061, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Дехоти 1/2, Таджикский государственный
университет коммерции

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top