18-уми декабри соли 2025 дар шаҳри Душанбе Рӯзи иттилоотии барномаи Erasmus+ аз ҷониби Дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон таҳти унвони «Рӯзи миллии иттилоотии Erasmus+ дар Тоҷикистон - муколамаи стратегӣ оид ба таҳсилоти олӣ» баргузор гардид.
Барномаи Erasmus+ ба мусоидат дар раванди модернизатсия ва рушди устувори низомҳои таҳсилот ва омӯзиш, дастгирии сиёсати ҷавонон ва варзиш, инчунин такмили малакаҳо ва баланд бардоштани имкониятҳо равона гардидааст.
Дар чорабинӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, роҳбарон, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар иштирок намуданд.
Аз ҷониби Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДДТТ) дар чорабинӣ муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Машокиров Ҷамшед Неъматуллоевич, профессори кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ Қодирова Зарина Ҳалимовна, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ Абдуллоев Бахтиёр Толибҷонович, мудири китобхонаи донишгоҳ Ҳомидзода Абдуалим Нарзиқул, мутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Абдуллозода Нурмуҳаммади Алиавсат, инчунин донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.
Аз номи ДДТТ муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров дар мавзуи «Иқдомҳои амалкунандаи барномаи Erasmus +: таваҷҷуҳ ба раванди байналмилалии табодули академӣ ва фаъолияти Jean Monnet» маърӯза намуд. Зимни суханронӣ ӯ аз дастовардҳои донишгоҳ дар самти татбиқи лоиҳаҳои барномаи Erasmus+, аз ҷумла натиҷаҳои лоиҳаҳои ҷории CBHE – E4TLI (Technology Literacy and Inclusion), CIRCULEC (Development of Innovative Curricula and Modules in Circular Economy and Sustainable Development) ва дигар лоиҳаҳои амалкунанда ёдовар шуд.
Қобили зикр аст, ки иштирокчиёни Рӯзи иттилоотӣ ба натиҷаҳои татбиқи ин лоиҳаҳои ДДТТ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд, ки ин аз аҳамият ва мубрамияти ташаббусҳои пешниҳодшуда шаҳодат медиҳад.
Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ,
татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ








Русский
Тоҷикӣ
English (UK)