ДАРСИ МАҶОЗӢ ДАР МАВЗӮИ “КОҲИШ ДОДАНИ ХАВФҲОИ ЛОГИСТИКӢ”

Бинанда: 27 | Санаи нашр: 14 декабря 2025

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузории дарсҳои маҷозӣ аз ҷониби профессорону мутахассисон ва коршиносони донишгоҳҳои шарики хориҷӣ ба таври мунтазам ба роҳ монда шудааст.

Санаи 12-уми декабри соли 2025 шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ дар якҷоягӣ бо кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнат дарси маҷозиро дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия баргузор намуданд.

Дарси маҷозиро профессори кафедраи логистикаи Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия Капустина Надежда Валеревна барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзӯи “Коҳиш додани хавфҳои логистикӣ” баргузор намуд.

Дар ин дарси маҷозӣ профессори кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Саидова Мунавар Ҳамидовна, номзади илмҳои иқтисодии кафедраи молия Холаҳмади Сайалӣ ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Дар доираи чорабинии мазкур ҷанбаҳои хоси хавфҳои логистикӣ, таъсири хавфҳои умумии макроиқтисодӣ ба хавфҳои мушаххаси логистикии занҷираҳои таъминот, инчунин таъсири онҳо ба самаранокии фаъолияти логистикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, воситаҳои коҳиш додани хавфҳои занҷираҳои таъминот тавассути пешгӯии онҳо ва тарҳрезии низомҳои логистикӣ бо дарназардошти омилҳои хавфҳо муҳокима шуданд.

Машғулияти лексионӣ дар байни донишҷӯён таваҷҷуҳи зиёд ба вуҷуд овард ва аз ҷониби онҳо вобаста ба мавзӯъ саволҳои гуногун пешниҳод гардиданд.

Дар оянда густариши ҳамкории мутақобила ва табодули омӯзгорон миёни кафедраи логистикаи факултети иқтисод ва бизнеси Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати баргузор намудани силсилаи лексия ва семинарҳо барои донишҷӯён ба нақша гирифта шудааст.

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,

татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

Наш адрес

Адрес: 734061, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Дехоти 1/2, Таджикский государственный
университет коммерции

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top