Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои аврупоӣ ба роҳ мондааст. Дар доираи ин ҳамкориҳо омӯзгори кафедраи Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит, Давлатов Алиҷон, корҳои илмӣ-тадқиқотии худро дар доираи барномаи Erasmus+ KA171 дар Донишгоҳи Малагаи Шоҳигарии Испания анҷом дода истодааст.
Дар донишгоҳи мазкур ӯ дар факултети иқтисод ва бизнес, кафедраи молия ва бухгалтерии муҳосибӣ, таҳти роҳбарии илмии профессор Хулио Диегес Сото, корҳои илмӣ-тадқиқотии худро дар мавзӯи “Methodology and Practice of Integrated Reporting Formation” идома медиҳад.
Профессор вобаста ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ маслиҳатҳои судманди илмӣ дода, дар истифодаи усулҳои автоматизатсия барои таҳлили маводи илмӣ аз манбаъҳои Аврупо, Амрекаи Шимолӣ, Америкаи Ҷанубӣ, Осиё ва дигар минтақаҳо кӯмак мерасонад. Ҳамчунин, профессор дар интихоби усулҳои нав, самаранок ва муосири тадқиқотӣ дастгирӣ менамояд, ки ин барои таҳияи мавзӯи илмӣ ва баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ аҳамияти калон дорад.
Лозим ба ёдоварист, ки Донишгоҳи Малага (Universidad de Málaga — UMA) соли 1972 таъсис ёфта, яке аз донишгоҳҳои давлатии бонуфузи Испания ба ҳисоб меравад. Дар он зиёда аз 35 000 донишҷӯ ва 71 кафедра фаъолият доранд. Донишгоҳ фаъолияти илмӣ ва ҳамкории байналмилалиро тавассути барномаҳои Erasmus+ ва International Hub фаъолона рушд медиҳад. UMA дорои шаҳракҳои муосири донишҷӯӣ буда, курсҳоро бо забонҳои испанӣ ва англисӣ пешниҳод менамояд.
Шаҳри Малага яке аз шаҳрҳои қадимтарини Шоҳигарии Испания ва пойтахти вилояти Малага дар минтақаи Андалусия мебошад. Забони расмӣ — испанӣ, аммо бо забонҳои англисӣ ва дигар забонҳо низ гуфтугӯ мекунанд. Шаҳр дар соҳили баҳри Миёназамин ҷойгир буда, соҳилҳои зебо ва фароғатгоҳҳои сершумор дорад.
Аз ҷолибиятҳои фарҳангӣ ва таърихии он метавон ном бурд: Алказаба — қасри қадимии мусалмонӣ (асри XI), Кафедрали Малага (асри XVI), Музейи Пикассо, кӯчаҳои таърихӣ ва роҳравҳои қадима.
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бовар дорад, ки ҳамкориҳо дар доираи барномаи Erasmus+ KA171 минбаъд низ идома ёфта, табодули омӯзгорон ва донишҷӯён бо Донишгоҳи Малага васеътар мегардад. Ин таҷриба бешубҳа барои такмили донишу малакаи омӯзгорону донишҷӯён ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,
татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ