Дар доираи барномаи табодули академии омӯзгорон аз ҷониби Донишгоҳи Эгей, Ҷумҳурии Юнон ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи Эразмус+ КА171 Димитриос Константинидис профессори кафедраи омор ва математикаи актуарӣ-молияи донишгоҳи мазкур аз 26-уми октябр то 30-юми октябри соли 2024 ҷиҳати гузаронидани дарсҳои лексионӣ ба донишҷӯён ва унвонҷӯёни, семинарҳои амалӣ бо устодон ба донишгоҳ ташриф оварданд.
Ин ташриф, ки дар доираи лоиҳаи Эразмус+ КА171 сурат гирифт, имкониятҳои нави таълимӣ ва ҳамкориҳои академиро барои донишҷӯён ва омӯзгорон дар байни донишгоҳҳои ҳамкор фароҳам меорад. Ҳамчунин ин ташриф ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва беҳтар кардани сифат ва омӯхтани таҷрибаи таълими дар байни донишгоҳҳои шарик мусоидат мекунад. Ин на танҳо имконияти омӯзиш ва фароҳам овардани алоқаи нав бо ҷомеаи академикӣ, балки шомил намудани дониш ва омӯзиши усулҳои нави таълимӣ дар донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Алалхусус, донишҷӯён ва устодон фурсати хубе барои шинасои бо усулҳои муосир ва таҷрибаҳои навини таълимӣ фароҳам оварда шуд.
Инчунин, профессор Димитриос Константинидис бо донишҷӯёни донишгоҳ дар мавзӯҳои гуногуни омор, молия, андоз, математикаи олӣ ва дигар мавзӯҳои мубрам бо донишҷӯёни донишгоҳ дарсҳои намунавӣ гузаштанд. Ин дарсҳо бо тақсимоти амиқ ва интерактивии мавзӯъҳо, муҳокимаи фаъол ва кор бо гурӯҳҳо сурат гирифт, ки дар он донишҷӯён имконият пайдо карданд, то бевосита бо усулҳои таҳсил ва таҷрибаи илмии профессор шинос шаванд.
Профессор бо омӯзгорони кафедраҳои тахассусии донишгоҳ дар бораи барномаҳои таълимӣ суҳбатҳо анҷом дода, оид ба сохтор, мундариҷа, усулҳои омӯзиш ва эҳтиёҷоти донишҷӯён мубодилаи афкор намуданд. Ин гуна муколамаҳо метавонанд барои беҳтар кардани сифати таълим ва мутобиқ кардани барномаи таълимӣ бо талаботҳои замон хеле муҳим бошад.
Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,
татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ