Дар донишгоҳ тавассути олимони намоёни дар ҷумҳурӣ ва берун аз қаламрави он маъруф 16 мактаби илмӣ ташкил ёфтааст. Донишгоҳ асосгузори илми ватанӣ дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос оид ба соҳибкорӣ, соҳаҳои хадамот ва иқтисодиёти меҳнат ба шумор меравад.
Корҳои илмӣ-пажуҳишӣ дар донишгоҳ айни замон мувофиқи нақшаи панҷсолаи тасдиқшуда аз рӯи се мавзӯи дар Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда ва чандин мавзӯъҳои ташаббусӣ гузаронида мешавад.
Дар солҳои охир дар байни ҳайати устодону профессорон, аспирантонҳо ва унвонҷӯёни донишгоҳ талабот ба меҳнати илмӣ-интелектуалӣ зиёд шудааст. Ҳайати устодону профессорон ва аспирантҳо аз натиҷаҳои тадқиқотҳои илмӣбо Ғояҳои илмӣ дар конференсияҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва берун аз он баромад менамоянд.
Олимон ва устодони ҷавони донишгоҳ дотсентон Шаропов Ф.Р., Ҷабборов А. (дар соҳаи иқтисодиёт), Ғаффоров Д. (соҳаи рӯзноманигорӣ), барои дастовардҳои илмӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи Исмоили Сомонӣ мукофотонида шуданд. Ҳамчунин барои фаъолияти илмӣ-таълимӣ Толибов Қ.Қ. ва Ҳусейнова Д. бо мукофотҳои қимматбаҳо қадр гардиданд.
Айни ҳол 32 маҳфилҳои илмии донишҷӯён амал мекунад. Маърӯзаҳои беҳтарин ҳар сол дар конференсияҳои илмии донишҷӯён миёни мактабҳои олӣ, ҷумҳуриявӣ шунида мешавад. Инчунин барои иштирок дар озмунҳо, Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, байналхалқӣ тавсия мегарданд.
Дар назди донишгоҳ Шӯрои махсусгардонидашудаи дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ аз рӯи ихтисоси илмии 08.00.05 – Иқтисодиёт ва мудирияти хоҷагии халқ: соҳибкорӣ, соҳаҳои хадамот, иқтисодиёти меҳнат амал мекунад.