Сафари хизматӣ

Аз таърихи 24-уми август то 14-уми сентябри соли равон н.и.и. дотсент, мудири кафедраи маркетинг-и ДДТТ Ҳакимов Абдумалик ва н.и.и. дотсенти кафедраи Иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ Имомназаров Музаффар ба кишвари Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар хизматӣ намуда, дар семинари  масъалаи ҳамкориҳои тиҷоративу-иқтисодӣ барои мамлакатҳои  русзабони масири «Камари иқтисодии Роҳи Абрешим»  иштирок намуданд.

Чун семинар асосан ба масъалаҳои аҳамияти дурнамои инкишофёбии ҳамкории муносибатҳои тиҷоративу-иқтисодии манфиати тарафайн дар доираи «Камари иқтисодии Роҳи Абрешим» бахшида шуда буд, яке аз масъалаи актуалӣ дар шароити умумиҷаҳонишавии хоҷагии ҷаҳон дар мавриди ин ё он воқеият на танҳо ба мамлакатҳои ҳамсоя таъсири худро мерасонад, балки ба минтақа дар маҷмȳъ ба шумор меравад.

Бинобар ин дар рафти семинар оиди нақш ва мақсади ташкил намудани минтақаҳои инкишофи техникию-иқтисодӣ ва аҳамияти онҳо барои минтақа ва ҳамкории тиҷорати молҳои хоҷагии қишлоқ, ҳамкории байналхалқӣ дар сиёсати ягонаи гумрукӣ ба мақсади инкишофи муносибатҳои тиҷорати байни мамлакатҳои минтақа ва дурнамои он мавриди баҳс қарор гирифта шуд.

Инчунин дар давоми 21-руз ба як қатор ширкатҳои бузург ба монанди  ширкати қубурбарории GOLDWIN, базаи саноати сабуки SIYE(СИЮЕ),  ширкати химиявии «Чжунтай Хуасюз», маркази савдои байналхалқии «Шанмаочэнь», «Мустанг» ва ба як қатор минтақаҳои туристии Ҷумҳурии Мардумии Хитой сафар намуданд.

 

Наш адрес

Адрес: 734061, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Дехоти 1/2, Таджикский государственный
университет коммерции

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top