Бахшида ба 30 рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Донишгоҳи иқтисод ва Савдои Ҷумҳурии Белоруссия

Бахшида ба 30 рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  дар Донишгоҳи иқтисод ва Савдои Ҷумҳурии Белоруссия аз тарафи донишҷӯёни тоҷик якчанд чорабиниҳои илмӣ,фарҳангӣ ва варзишӣ гузаронида шуд.

     Аз ҷумла санаи 06.05 ва 07.05.2015 дар Донишгоҳи иқтисод ва Савдои Ҷумҳурии Белоруссия «ХV Международная научно-практическая конференция» шуда гузашт, ки дар ин конференcия Мадалиев Муҳамад донишҷӯи курси 3 ихтисоси финансы и кредит дар мавзӯи «Формирование межкультурной компетенций как один из инновационных методов при изучении русского языка как иностранного» ва Зарипова Кимиёхон донишҷӯи курси якуми ихтисоси мировая экономика дар мавзӯи «Стратегия молодёжной политики в Республике Таджикистан» баромад намуда, соҳиби диплом ва сертификат гардиданд.

     Санаи 14.05.2015 дар толори асоси донишгоҳ фестиваль интернациональной дружбы «Возьмемся за руки друзья!» гузаронида шуд, ки дар он донишчҷӯён аз давлатҳои Туркманистон, Озарбойҷон,Туркия, Белоруссия ва Тоҷикистон иштирок намуда, донишҷӯёни тоҷик низ дар ин Фестивал хело фаъолона иштирок намуда, соҳиби номинатсияҳои беҳтарин гаштанд.

Санаи 22.05.2015 вохурӣ бо кормандони Сафорати Ҷумхурии Тоҷикистон Назриев ДавлаталӣҲайдарович мушовири Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белуриссия   ва Алимуродзода Хуршед мутахассиси пешбари Сафорат гузаронида шуд. Дар вохурӣ якчанд донишҷӯён бо мушовири Сафир саволҳо пешниҳод намуда, бо саволҳои худ посух гирифтанд.

Санаи 23.05.2015 дар майдони варзишии донишгоҳ дуюмин мусобиқаи футбол байни донишҷӯёни тоҷик гузаронида шуд дар ҷамъбасти бозӣ собиқ мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Тиҷорати Тоҷикистон ва ҳоло Магистранти Донишгоҳи иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Белоруссия ҳамаи донишҷӯёне, ки берун аз Ватан таҳсили илм менамоянд аз номи худ ва аз номи ректори Донишгоҳи давлати тиҷорати Тоҷикистон профессор Шарипов М.М. ба рӯзи «Ҷавонон»-и Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ғолибони дастаҳо ифтихорнома ва Ҷоми Магистрантҳо супорид. Ҷоми Магистрантҳо соҳиби дастаи «Мираненко» гашт дастаҳои якуму дуюм бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуд.

Ҷои якум дастаи «Мираненко»

Ҷои дуюм дастаи «Магистрантҳо»

Ҷои сеюм дастаи «Дилик-макс»

Аксхҳ аз рафти баргузории чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ бахшида ба ба 30 рӯзи ҷавонони Тоҷикистон. 

Наш адрес

Адрес: 734061, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Дехоти 1/2, Таджикский государственный
университет коммерции

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top