Гоша – савдогари қаллоб ва ҳамнафаси Кабирї

Шарофиддин Гадоев ба сифати як «тањлилгар»-и ба ном сиёсї ва рањбари яке аз гурўњњои ба нањзат наздик дар муњитњои расонаї маълум аст. Баъзан суњбату мусоњибањои бепояву бемояаш аз тариќи барномањои вижаи интернетї пахшу нашр мешавад. Дар шароити хориља камтарак забони муќаррарии ба тољикї суњбат карданро аз ёрони нањзатиаш, ки акнун гирдогирди ў мечарханд, омўхтааст ва дар заминаи омўхтањои сатњї ва гуфтугўйи сохта дар расонањо ва сомонањо худро реклама мекунад. Нуќтаи муњим ин аст, ки Гоша як бизнесмени тамомайёр мебошад. Таљрибаи бизнесменї ва тамомайёриро дар Тољикистон омўхта, минбаъд дар љараёни фирор нозукињои найрангу иѓвогарии сиёсиро ёд гирифта, имрўз дар сањнаи сиёсї аз бизнеси худ дифоъ мекунад. Гоша ба хотири молу коло ва афзудани савдою тиљорат дунболи гурўњњои ифротгароро гирифта, дар ин самт аз њар василае истифода мебарад.

      Акнун дар Аврупо, ки дар баробари макони демокративу озодї будан, мутаассифона, минтаќаи тањия ва пањни инќилобњои иљтимої ва сиёсию идеологї ба шумор меравад, Гоша приёмњои нави бархўрдњои сиёсиро бо раќибонаш хеле хуб омўхтааст. Дар ин кор ўро гурўњу созмонњои дигари мухолиф кумак мекунанд, аз ин рў, Гошаи мо дигар он Шарофиддин Гадоеви сода нест, ки ин тарафу он тараф тохта, бо роњи фиребу найранг пули бедардимиён дароварад, балки нафарест, ки узвияти ба ном «Паймони зиддимиллии Тољикистон»-ро ба даст оварда, бо роњбари фирории нањзатї М. Кабирї њамтабаќ шудааст. Гоша њам мисли пири маънавиашМ.Кабирї бизнесмени тамомайёр аст, кўшиш мекунад њар вазъиятро ба нафъи молиявии худ њал намояд ва худро минњайси инсони хайрхоњ, покнињод, адолатпеша ва азхудгузашта ба љомеа вонамуд кунад. Ў аз њисоби сармояњои пуштибонони хориљї созмони нав – «Ҷунбиши ислоҳот ва рушд”-ро таъсис дода, онро бо номи худ тавъам намуда, пулу пайсаи онро ба манфиати шахсию инфиродї истифода мебарад (кореро, ки раиси фирории нањзат анљом медињад).        Пулу моле, ки барои барномаи ин тарњи сиёсии хориљї (созмони «Ислоњот ва рушд» дар назар аст) ироа мегарданд, Гоша барои рушди бизнеси худ истифода мебарад. Корфармоён ва тарроњони пружаи Гоша њам аз ин кор хабар меёбанд, вале барои онњо ин муњим нест, балки ангехтани низоъу даргирї шарти асосї мањсуб меёбад. Бинобар ин, Гошаи моро ба истилоњ, шерак карда, ба набардњои иттилоотї бо Њукумати Тољикистон омодааш менамоянд.

     Ин навъ иѓвоњо бас набуд, ки Гоша дар солњои ахир тавассути суханронињо дар минбарњои нањзатї аз шахсиятњои раддаи аввали давлат бадгўйї мекунад ва сели иттињомотро сўйи онњо мерезад. Агар ба як намунаи суханронии «ќањрамонамон» таваљљуњ фармоем, ба хубї дарк мекунем, ки ў забони туњмату дурўѓро тунд карда, ба давлатмадорон мечаспад ва ќасди шикасти бизнеси худро аз онњо мегирад. Масалан, дар суханронии ќаблии Гоша (Ш. Гадоев), ки дар Њамоиши Дормунд иттифоќ афтода буд, њадаф бадномсозии давлату Њукумати Љумњурии Тољикистон буду халос.  Бад-ин минвол тамоми суханронињои ў ба ин нуќта тамаркуз мекунанд  ва аз зовияи нафрат ба Роњбарияти давлати миллї ироа мегарданд. Чунин шахсро чї гуна метавон солим унвон кард ва дар раъси созмоне назири «Ислоњот ва рушд» ќарор дод? 

      Њаросати сириштию зотии Гоша нисбат ба сармояи бедардимиён дар гузоришоти расонаии ў пардапўш мешавад. Ин марди тиљорат имрўз њам дар хориљ дар рифоњи молї зиндагї мекунад ва чи хеле ки ќаблан таъкид кардем, аз маблаѓњои њангуфте, ки барои идомаи фаъолияти сиёсї људо мегарданд, «самаранок» истифода мебарад. Илова бар ин, Гоша дар баробари фаъолиятњои ба ном сиёсї, дар хориљ бештар ба гадої ва аз ин њисоб пур кардани љайб машѓул аст ва дар пушти сиёсатбозию иддаоњои сиёсии ў љамъоварии сармояи гарон барои манофеи шахсї нињон аст.

      Њамин тариќ, Гоша (Шарофиддин Гадоев) барои реклама кардани худ ва касби дороињои бо роњи ѓайриќонунї бадастовардааш аз тамоми дору мадораш  истифода мебарад. Гоша камтарин хидматро ба халќу давлат накардааст ва њуќуќи маънавии тањќири шахсиятњои миллатдўсту ватанпарастро надорад. Бар илова, банд ва заъфи асосї, балки мушкили асосї дар ќалби Гоша аст ва бояд сари ин тамаркуз кунад ва аз даруни дил кинаву адоват ва кудуратро бадар сохта, уќдањои равониашро бозшиносї намояд ва садди роњи пешравї ва тараќќиёти Ватан, миллат ва халќи тољик нагардад. Танњо дар ин сурат Гоша ба як симои муътадили ватанї табдил меёбад.

 

         Шариф Алиев,тахлилгар

Наш адрес

Адрес: 734061, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Дехоти 1/2, Таджикский государственный
университет коммерции

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top