Ақидаҳои Сайидюнус сабабгори густариши терроризманд

Сайидюнус роҳбарони мақомоти баландпояи Тоҷикистонро бо бесаводӣ айбдор мекунад. Аммо ин ақидаи пуч ва ғалат аст. Зеро ҳамин роҳбарони кунунии мақомоти Тоҷикистон буданд, ки дар давраи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ кишварро аз ҳолати ҷангу харобӣ ба ҳолати оромию субот рушду тараққӣ расонданд. Агар бесавод мебуданд, чӣ тавр ба ин дастовардҳо ноил мегардидем? Бесавод наҳзатињо ҳастанд, ки њатто як њизби дуруст сохта натавонистанд ва аз доираи мафкураи террористию ифротгарої то њануз набаромадаанд. Худи ҳамин Сайидюнус танҳо чизеро менависаду нашр мекунад, ки хољањояш дар дањонаш хоида туф кунанд. Мустаќилона кореро анљом дода наметавонад ва саводаш њам дар асл саводи њамон хољањояш мебошад, на аз худаш. Маълум аст, ки ин дафъа супориш гирифтааст, то Мансурљон Умаровро вобаста ба таъйин гардидан дар вазифаи наваш бо динситезиву бесаводї айбдор кунад. Чунин бармеояд, ки нањзатињо тамоми роњбарони маќомоти калидии кишварро дар назди мардум бадном карданї њастанд.

Маълум аст, ки Мансурљон Умаров зимни суханронї дар парламенти кишвар њаргиз диндории анъанавии мардуми моро омили рушди терроризму экстремизм нањисобидааст. Балки манзури вай равияњои ифротгароёна ва радикалии динї, масалан аќоиде ки худи њамин Сайидюнус ва њаммаслакони нањзатиаш пайравї доранд, будааст. Сайидюнус хонандагонро ба иштибоњ бурданї аст, аммо наметавонад, зеро мардум њоло хеле огоњанд ва дини њаќиќиро аз идеологияи хатарноки ифротї фарќ карда метавонанд.      

Дар баробари туњмат задан ба М. Умаров, Сайидюнус фурсатро аз даст надода, Амрико ва кишварњои аврупоиро њам санг мезанад ва содиќ будани худро ба мазњаби наваш нишон медињад. Тарс аз он дорад, ки мабодо мавриди шубњаи хољагони мазњабиаш ќарор нагирад.

Дар ин ҷо беасосу пуч будани чанде аз туњматњои Сайидюнусро мисол меорем:

1) Бар хилофи туњмати Сайидюнус, М. Умаров њаргиз  эҷоди маҳдудиятҳо барои фаъолиятҳои мусулмононро пешнињод накардааст. Вай танњо ифротгарої ва аќидањои динии радикалиро омили рушди терроризму экстремизм њисобидааст, ки дуруст аст. Масалан, њамин аќидањои ифротию радикалии фаъолони ТТЭ ЊНИ буд, ки солњои навадум дар кишвари мо терроризм ба миён омад ва љанги дохилї сар заду боиси кушта шудани њазорон нафар гардид.  

         Сайидюнус аќидањои  рўзноманигори рус Максим Шевченкоро, ки дар кадом як конфронси номаълуме баён кардааст, мисол меорад.   Нањзатињо танњо њамин Шевченкоро доранд ва њамеша аз вай истифода мекунанд. Маълум аст, ки байни ТТЭ ЊНИ ва Шевченко чи муносибату муомилаи ифлосе буда метавонад. Шевченко барои Сайидюнусу њаммаслаконаш «рўзноманигори маъруф» аст. Аммо барои мардуми Тољикистон аќидањои пучу бесос ва бо терроризм олудаи вай даркор нест. Ѓайр аз ин, бояд барои худи Шевченко дастгирї кардани як ташкилоти террористї шармандагї бошад. ТТЭ ЊНИ барои љиноятњо ва амалњои террористии анљомдодааш, ки комилан исбот шудаанд, мамнуъ ва ташкилоти террористї эълон шудааст. Дигар дар Миянмару Ирландия ва манотиќи дигари љањон чи мегузарад, ба ин дахл надорад. Сафсата будани суханони Шевченкоро алакай ваќт исбот кардааст. Зеро мањз баъди мамнуъ гардидани ТТЭ ЊНИ дар Тољикистон вазъияти орому хубе барои пешрафти минбаъда ба миён омад. Мардуми мо имрўз ба корњои созандагї машѓул аст, масалан чархаи аввали НБО Роѓун ба кор андохта шуд. Рафтани љавонони гумроњ њам ба Сурияву Ироќ ва пайвастани онњо ба ДИИШ хеле кам шудааст. Яъне њамин ТТЭ ЊНИ буд, ки љавононро гумроњ мекарду барои пайвастан ба ташкилотњои террористию экстремистї тањрик медод. 

2) Сайидюнус назарсанљињо ва навиштањои матбуоти ѓарбиро, ки дар хусуси аз Ислом ноогоњ будани нафарони ба ДИИШ пайваста њастанд,  ба тарзи барои худ манфиатнок шарњ медињад ва онњоро дар муќобили Тољикистон истифода карданї мешавад. Аммо дар Тољикистон тамоми шароит барои огоњ будан аз дин ва иљрои он, гирифтани таълимоти динї мављуд аст. Тамоми масољиду муассисањои динї, таълимгоњои динї фаъоланд ва њазорон нафар бемамониат аз онњо истифода мебаранд. Лекин Сайидюнус бояд дини аслиро бо идеологияи ифротгароёнаи нањзатињо омезиш надињад. Давлат вазифадор аст, ки пеши роњи аќидањои хатарнокро гирад. Муассисањои динї, масљидњо, таълимгоњњои динї бояд танњо дар доираи ќонун амал кунанд ва танзим шаванд. Дар дилхоњ кишвари дунё чунин аст. 

         Вазъияти Тољикистон аз Аврупо фарќ дорад ва инро бояд ба инобат гирифт. Сайидюнус ба назарсанљињои ѓарбї такя мекунад, аммо онњо вобаста ба шароиту вазъи Ѓарб доир шудаанд. Аммо назарсанљињою омўзишњо дар Тољикистон ва далелњои зиёд шањодат аз он медињанд, ки сабаби ба ДИИШ ва дигар ташкилотњои террористию экстремистї пайвастани як ќисми шањрвандони кишварамон мањз фаъолияти тахрибкорона ва таблиѓоти нањзатињо мебошад.

3) Сайидюнус аз исломњаросї сухан мегўяд ва фаъолиятњои ашхосу ташкилотњоеро ки бо Тољикистон ягон рабте надоранд, мисол меорад.  Амо дар асл, худи Сайидюнус исломњарос аст. Агар чунин намебуд, бо диндории худ бозї намекард ва ба хотири манфиати молї мазњаби худро намефурухт.  

         Аз тарафи Сайидюнус мисол овардани Сталину љангњои љањонї, Љопону Амрико ва ѓайра ба ин мавзуъ дахл надорад. Ин ҷо гап сари он меравад, ки мањз аќидањои радикалї боиси густариши терроризму экстремизм мегарданд. Масалан, њамин аќидањои Сайидюнус агар пешгирӣ нашаванд, боиси густариши терроризм мегарданд.

         Диловари Хуршед,

         таҳлилгар

Наш адрес

Адрес: 734061, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Дехоти 1/2, Таджикский государственный
университет коммерции

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top