Ҳукми одилона ба террорист Абдусамадов (Нахӯдов) Ҳусейн

ДодгоҳиолииТоҷикистонрӯзи 21-уминоябр ҲусейнАбдусамадов, раҳбаригурӯҳи ҳамлаваронбасайёҳонихориҷироба ҳабсиабадмаҳкумкард.

Додгоҳ ҳамчунин 12 муттаҳамидигарробамӯҳлатиазяктоякунимсолӣ азозодӣ маҳрумнамуд. Мӯҳлатиадои ҷазоиБаҳринисо Ҳайдарова, ягоназанимуттаҳамдаринпарванда, бинобардоштаникӯдакихурдсол, батаъхиргузошташудааст. Ӯ баяксолизиндонмаҳкумшуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии парвандаи Ҳусейн Абдусамадов ва 14 нафари дигарро рӯзи 23-юми октябри имсол дар бинои Боздоштгоҳи Душанбе ё СИЗО шурӯъ карда буд.

Баҳринисо Ҳайдаровава 11 нафаридигар - БеҳрӯзиСаймурод, Қурбонбек Ғанизода, АбдулмуъминДавлатов, ФаррухДавлатов, Қиёмиддин Қурбонов, БахтоварСалоҳидинов, МансурСолеҳов, СаъдуллоХолмуродзода, ШоҳинЮсуфзода, Фирдавсӣ ЮсуфовваМаҳмадулло Қаландаровбароихабарнадоданваёпинҳондоштани ҷиноят, ба ҷавобгарӣ кашидашудаанд.

ҲусейнАбдусамадовазрӯи 9 иттиҳомдардодгоҳ посухгуфтааст. Ӯ аз ҷумлабаташкилииттиҳоди ҷиноятӣ, терроризм, ифротгароӣ, одамкушӣ, ҷалбишаҳрвандонбаамалиётимусаллаҳонаидигардавлатҳо, муттаҳамшуд.

Он чи ки дар раванди баррасии парванда маълум шуд, гирифтани дастуру супоришҳои мустақими роҳбарияти ҳизби наҳзат ба ин тоифаи террористон ва сармоягузорӣ кардани онҳо мебошад.

Барои ТТЭ ҲНИ таҳрик намудани ҳодисаи ҳангомасоз тавассути содир кардани амали террористӣ дар арафаи маҳфилҳои САҲА барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба обрӯи рехтаи ин ҳизб муҳим буд. Аз ин лиҳоз, роҳнамоӣ, маблағгузорӣ ва ҳавасмандгардонии ин гурӯҳ, пурра аз ҷониби ҲНИ сурат гирифтааст.

Коршиносони ворид дар ин масъала, мегӯянд, ки ҲНИ тачриаби анҷом додани ин ҳилаҳоро дорад. Чунончи, дар солҳои 1993-1994 вақте ки ҷомеаи чаҳонӣ аз амалҳои бунёдгароҳои исломӣ ба даҳшат омада буданд ва ВАО-и ватанӣ ва хориҷи онҳоро мункир ва рад мекарданд, ба ҳодисаҳои ҳаммонад даст заданд. Сараввал, соли 1994 ба дидбонгоҳи 12-уми қушунҳои сарҳадӣ ФР воқеъ дар н.Ҳамадонӣ ҳамла карда, ними сарбозонро аз дами теғ гузаронданд. Умар Хаттабро барои одамкушӣ нисбат ба ҳаммиллатони худ, ташвиқ карданд. Баъдан, ин иқдомҳои хатарофарро идома дода, ба куштори афсарони тоҷику рус дар шароити ш. Душанбе даст заданд. Дар ин давра, қадари тоҷиконро ба мисли хас намедонистанд ва дониставу нодониста, хеле ваҳшиёна қатли ом карданд.

Бо назардошти ин падидаи равшан гуфтан мумкин аст, ки даст доштани ҳизби наҳзат аз рӯйи дидгоҳи мутахассисон дар ин гуна амалиёти террористӣ як амри фаҳмо ва қобили дарк мебошад. Зеро нишонаҳои ҷиноят, идеологияи муштарак, ҷаҳонбинии якҷонибаи ҷангӣ-ифротӣ, аз далелҳои шаъйии даст доштани ҳизби наҳзат мебошад.                

 

Фарҳод Калонов, тахлилгар

Наш адрес

Адрес: 734061, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Дехоти 1/2, Таджикский государственный
университет коммерции

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top