Номҳои синнусолии хар ва мотами оппозитсия

Чун бувад асли гавҳаре қобил,
Тарбиятро дар ӯасар бошад.
Ҳеч сайқале накӯ надонад кард,
Оҳанеро ки бадгуҳар бошад.
Саг ба дарёи ҳафтгона машӯй,
Ки чу тар шуд, палидтар бошад.
Хари Исо гараш ба Макка баранд,
Чун биёяд ҳанӯз хар бошад.

Мувофиқи баъзе боварҳо, бояд ҳар як нафар дар хонааш наск дошта бошад. «Рӯзи охирзамон, ки хари Даҷҷол омад, гӯё, наск андаруни коса ҷастухез ва бозӣ мекардааст ва ҳуши кас ба ҳамон банда шуда, хари Даҷҷол гузашта мерафтааст. Яъне кас ба найранги Даҷҷол намеафтодааст ва дар охири дунё аз динаш берун намешудааст». Шаҳрвандони гиромӣ, ба хари Даҷҷол, узр ба хари Оппозитсия пайти муносиб надиҳед. Аз ҳамсӯӣ ва ҳамнавоӣ бо паймонаки зиддимилӣ ибо варзед. Наск ҳам метавонед дар хона нигоҳ надоред. Гандум ҷамъ намоед. Хонаатон пури гандум.
Хартозии оппозитсия бо ба итмом расидани НБО «Роғун» ба охир расида, майнстрим ё ба иборае мавзӯи аслии интиқодии худро гум мекунад.

Падруд оппозитсия!
Роғун муборак бошад!
Фирӯзи Чароғов, барқсоз

Наш адрес

Адрес: 734061, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Дехоти 1/2, Таджикский государственный
университет коммерции

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top