Таъзия ба ТТЭ ЊНИ ва сомонањои payom.net, isloh.org, ksaadat.co, akhbor.com, guruhi24.net, ozodandishon.org

Батантанањоиидонаазкишварњоидигариминтаќањамнамояндањобароишарикбудандаринхурсандїташрифмеоранд. ЗероНБОРоѓуннатанњобарушдупешрафтиТољикистон, балкибатараќќиётитамомикишварњоиминтаќамусоидатмекунад.

Бешубња 16 ноябр њамчун рўзи нуру сафо, вањдату њамдилї, рушду тараќќї дар таърихи Тољикистон сабт мегардад. Ин корнамоии далерона ва шуљоатмандонаи мардуми тољик, ки бо сарварии Пешвои миллат солњо мењнат кашидаанд, барои наслњои оянда намунаи ибрат мегардад. НБО Роѓун бешубња дастоварди азиму муњими миллати мост, ки минбаъд барои мардумони кишварамон ва минтаќа хизмати беназир хоњад кард.

Дар баробари ин, он монеањоеро њам, ки барои сари ваќт сохта шудани НБО Роѓун халал расондаанд, хуб дар хотир дорем. Аслан, НБО Роѓун бояд солњои навадуми асри гузашта бунёд меёфт, аммо мањз дар њамин давра ташкилоти террористї – экстремистии Њизби нањзати исломї ба миён омад ва бо фаъолияти тахрибкоронаи худ дар кишвар љанги шањрвандиро роњандозї кард. Дар натиљаи амалњои нангини љинояткоронаи нањзатињо он замон соњањои иќтисоди кишвар хароб гардида, раванди бунёди иншоотњои саноатию энергетикї, аз љумла НБО Роѓун ќатъ гардида буд. Танњо ба шарофати сиёсати сулњовару созандаи Сарвари давлат ва азму иродаи ќавии мардуми мењнаткаш дубора дар кишварамон оромию субот барќарор шуд ва имконияти ба роњ мондани корњои бунёдкорї ба миён омад. Дар натиља, баъди интизории зиёд ва мењнату зањмати шабонарўзї ба ин рўзи пурфайз расидем.

Вале бадхоњони миллат, хусусан нањзатињо ва дигар афроди ба онњо наздик то њануз бар душмании халќ равонанд ва бо амалњои зишту палидонаашон мехоњанд боз њам ба раванди сохтмони НБО Роѓун ва љашни ба кор даромадани аввалин чархаи он халал расонанд. Маќолаву маводњои пур аз туњмат ва иѓвоангезонаи нањзатињо ва гурўњњои дигари душман, ки дар расонањои хабарии ифротї интишор меёбанд, исботи ин гуфтањост. Чунин бармеояд, ки ин љашни пуршукўњи ифтитоњи НБО Роѓун, ки ба мардуми Тољикистон ва минтаќа хурсандї овардааст, боиси ѓаму мотами нањзатињо ва расонањои ифротии ба онњо наздик гардидааст.

Аз ин рў, бо дили пур аз фарању хурсандї ва ќаноатмандии бепоён ба роњбарону фаъолони ТТЭ ЊНИ ва сомонањои payom.net, isloh.org, ksaadat.co, akhbor.com, guruhi24.net, ozodandishon.org ва дигар бадхоњони миллат, ки ѓамзадаанду мотам доранд, таъзия баён мекунем ва барояшон дар ин рўз «сабри Кабирї» хоњонем!

Парвизи Мирзо, коршинос

Наш адрес

Адрес: 734061, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Дехоти 1/2, Таджикский государственный
университет коммерции

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top