ПАРЧАМ - РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ

23-юми ноябри соли 2016 дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рȳзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки он бо сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ, профессор Шарифзода Мумин Машокир ифтитоҳ ёфт.

Сипас, дотсенти кафедраи таърих ва филологияи донишгоҳ Бобишо Насриддиниён дар мавзȳи "Парчам рамзи иттиҳод ва истиқлоли миллат" ва донишҷȳи курси 4-уми ихтисоси 250108а Саъдӣ Додарбеков дар мавзȳи "Парчамат бодо парафшон, кишварам" маърȳзаҳои пурмазмун намуда, аз таърихи пайдоиши парчам, ҳифзу муқаддас доштани он, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун муҳиматарин муқаддасоти давлат ба таври муфассал суханронӣ намуданд.

Дар анҷоми қисми расмии ҷамъомад аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ба як гурȳҳ донишҷȳёни фаъолу ташаббускор ва навовар, ки дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, варзишӣ ва олимпиадаю озмунҳои гуногун фаъолона ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол карданд, диплом, раҳматнома ва Ифтихорномаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати донишгоҳ, инчунин мукофотҳои пулию туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Барномаи консертии дар сатҳи баланд омодакардаи донишҷȳёни факултети иқтисодиёт ва менеҷмент, ки қисми фарҳангии чорабиниро ташкил медод, ба дилҳо шодию фараҳ бахшид.

Алалхусус, шеърҳои ба васфи Ватан, Парчам, Истиқлолият бахшидашуда ва рақсҳои ҷаззобу дилчаспе, ки аз ҷониби донишҷȳёни факултет Нигора Олимӣ, Меҳрангез Шарифова, Меҳрангез Ҳакимова, Мадина Кабирова, Дилрабо Мирзоалиева, Муллоисмоил Шодмонов, Рамшед Раҳимов дар сатҳи баланд иҷро карда шуданд, қалбҳои ҳозиринро ба ҷȳшу хуруш оварданд.

Р. Масъуд

 

Наш адрес

Адрес: 734061, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Дехоти 1/2, Таджикский государственный
университет коммерции

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top