АЗ «МУБОРИЗОН» КАНОРА БОЯД ҶУСТ

 

Рушд кардани техникаю технология дар замони муосир ва дар баробари он  фаъолият кардани шабакаҳои интернетию сомонавӣ  имкони онро фароҳам месозад, ки аҳли ҷомеа аз тозатарин рӯйдодҳои  ҷаҳон ба зудӣ огаҳӣ пайдо намояд. Рӯз то рӯз сафи алоқамандони сомонаҳои интернетӣ меафзояд. Аслан қисми зиёди иттилооте, ки дар саҳифаҳои шабаки интернетӣ нашр мегарданд, асоси воқеӣ надоранд ва баъзан ҳолатҳо ақидаҳое низ ба нашр мерасанд, ки ҳадафашон бар хилофи идеологияи давлатдорӣ нигаронида шудааст.

Дар интишори мавод ва ақидаҳои ботили ашхосе, ки навиштаҳои худро дар ин саҳифаҳои иҷтимоӣ ба умум   пешниҳод менамоянд, аҳамият надорад, ки матни онҳо то чӣ андоза лозим,  дуруст  ва ё нолозиму  таҳрирталаб  аст.  Шабакаи интернетиро ба ҷиҳати мусбаташ истифода кардан  ва аз он маънавиёти худро бой гардонидан, барқарор намудани иртиботи онлайнӣ  ин бархӯрдор гардидан аз  дастовардҳои илиме мебошад, ки мардуми тоҷик дар даврони истиқлолият ба даст овардааст. Мутаассифона, зумраеро вохӯрдан мумкин аст, ки пайравӣ ба ақидаҳои ашхоси  алоҳида, гурӯҳои ифротӣ мекунанд ва ба таҳрифи арзишхои миллӣ, тарғиби ғоя, ақоид ва фарҳанги бегона мепардозанд. Зуҳур ёфтани чунин ақидаҳо дар замони мо  нав  нест ва дар чунин даврае, ки низоҳои  иттилоотӣ  ҳар рӯз метавонад ба мафкураи наврасону ҷавони мо таъсири барғалати худро гузорад ва онҳоро  аз сӯи рӯшноӣ ба  самти зулмот раҳнамоӣ  кунад, ҷилавгирӣ бояд кард.  Шахсони солимфикри  ҷомеаро лозим меояд, то   донанд, ки ин қабил одамон  дар ҷомеа душмани бадкешу бадандешанд ва  тайёранд хар лаҳза теша ба решаи фарҳангу маърифати  миллат бизананд, роҳеро дарёбанд, ки арзишҳои волову муқаддаси миллиро  қурбони ақидаҳои зулмотгароёнаи худ гардонанд. Ба ин восита худро ҷое пуштибон аз дин нишон  дода, ҷое  бо роҳи норизоӣ ва носипосӣ  аз зиндагии имрӯз басардоштаи халқи тоҷик  миёни омма фитнагароӣ мекунанд. Дар ин маврид аз ибораи «зиракии сиёсиро аз даст надиҳем», ки    Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, истифода  бояд кард.

Таассуф аз он мехӯрем, ки баъзе ақидаҳои носолим дар ин шабакаҳо ҳамназарӣ пайдо карда, дастгирӣ меёбанд.  Дар гуфтугӯи рӯбарӯи ба ном раиси Паймони миллии Тоҷикистон М. Кабирӣ, ки санаи 25.01.2019  ба «ҳаводоронаш» тавассути шабакаи интернетӣ пахш гардида буд, гуфта мешуд:  «Ҳамаи муборизон алайҳи истисморгарон, ки аз онҳо чун босмачӣ ёд мешавад, бояд дар як додгоҳи миллие сафед  ва қаҳрамон эълон карда шаванд».   Ёддошти Дориюш Раҷабиён ва Абдуманон Шералиев, ки аз ин гуфтугӯи рӯбарӯ бархостааст,  ҷонибдорӣ аз Кабирӣ ва норизоӣ аз даврони шӯравӣ кардаанд.  Махсусан дар сомонаи Фейсбук маводе зери сархати  «Ман босмачӣ ҳастам!» бознашр шудааст, ки бештар танқиди назариявии тамоми фанҳо ва тадрисро дар   мактабҳои даврони шӯравӣ бо диди тангназаронаи муаллиф - А. Шералиевро  дар бар гирифтааст. падару бобоён ва қисме аз хамсолони мо низ шаҳди ИҶШС (СССР)- ро чашидаанд. Заминаи донишандӯхтанро дар мактабҳои шӯравӣ таълим гирифта, то кунун аз сармои дониши худ дар бунёдкорию созандагии Ватан истифода мекунанд. Мардуми тоҷик мақоли хубе дорад, ки  «аз дастархоне, ки нон хурдӣ, носипосӣ  макун»  ва ё  «аз намакдоне, ки намак хӯрдӣ, туф  макун», лекин муаллиф андешаи онро накардааст.  А. Шералиев дар  ёддошти худ  беш аз худтаърифкунӣ, ки дар оилаи рӯҳонӣ ва рӯшанфикр таваллуд ва бузург шудааст,  дигар чизеро дар хотираи «қавӣ»-и  хеш ҷой надодааст, ки лоақал  ӯро аз хурофот берун баркашад. Таълими «рӯшанфикрон ва диндорон», ки бобоёни муаллифанд, ҷое ҳам дар тарбияи ӯ аз ҳадисҳои исломӣ  «Дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имондорист » гӯшзад накардаанд. Худи муаллифи ёддошт низ аз навиштаҳои шоирон, ки:

Ҳар киро меҳри Ватан дар дил набошад кофар аст,

Маънии ҳубулватан фармудаи Пайғамбар аст.

  Аз ёддошт хулоса баровардан мумкин аст, ки   вафодорӣ, садоқат ба Ватан, ҳамдаму ғамшарик будан ба ғаму шодии  миллат дар ботини А. Шералиев ҳеҷ гоҳ ҷой наёфтааст ва аз он ки ба ҳар шиор  дар даврони шӯравӣ «Ура»  гуфта,  нидо баланд мекард, одат карда, ин навбат ба пуштибонӣ аз М. Кабирӣ  бо нидои   «ман босмачӣ ҳастам» худро ҳамсаф ва ҷонибдор нишон медиҳад ва оянда боз чӣ нақшаеро дар сар ҷой хоҳад дод Х- номаълум. Боварӣ дорем, ки А. Шералиев  ва Д. Раҷабиён аз чӣ будани босмачӣ, ки шарҳаш босмачигарӣ - харакате буд, ки дар натиҷаи ба ҳам гаравидани собиқ сарватмандони гуногунмиллати Осиёи Марказӣ, авбошони касбӣ ва боқимондаҳои горди сафед ба вуҷуд омада, ҳадафи аслиашон мубориза алайҳи давлати шӯроҳо - коргару деҳқон, фақиру сағир, давлати бародарию баробарӣ ва адолати иҷтимоӣ буд. Дараҷаи маълумотнокӣ, хирад ва ақлу заковати  ин ду тан ҳамназарони М. Кабирӣ ва ё шояд пайравони дигари онҳо баёни «Ман босмачӣ ҳастам» на дар дохили нохунак, балкӣ берун аз он дуруст мефатад, ки дар ҳама ҳолат ба зиндагии ҷомеа халали ҷиддӣ ворид карданро доранд.  Шояд афсӯс ҳам хӯранд, ки чаро пеш аз  ҳокимияти шӯравӣ ба дунё наомадаанд, ки аз бесаводии омма истифода карда, бо иддаи кучаки бойҳо, муллою эшонҳои чалласаводи он замон ба манфиати худ истифода мебурданд.

Мутмаин ба онам, ки наврасону ҷавонони  миллати бофарҳангу тамаддуни қадимидоштаи  тоҷик гӯш ба афсонаи ин қабил ифратгароёни зери лиқоб, ки худро ҳомӣ аз дин нишон медиҳанд ва шояд вуҷудашон аз он холист, пайравӣ накарда, дар ҳама ҳолат пуштибонӣ аз миллату халқи  Ватани азизамон Точикистон  мекунанд. Донишҳои диниву дунявиро дар муассисаҳои давлатӣ ва аз таҷрибаи устодон аз худ карда,  ҷаҳонбинии динӣ, фалсафӣ ва сиёсии худро васею мукаммал мегардонанд. Истифода аз донишҳои дунявӣ ва хиради азалӣ  сутуни устувореро дар пайдории давлати соҳибистиқлоламон бунёд хоҳанд кард, ки заволашро касе дар асрею замоне нахоҳад дид.

 

Бобоҷон РАҲИМОВ, мудири бахши сифати таълими донишкада

 

Наш адрес

Адрес: 734061, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Дехоти 1/2, Таджикский государственный
университет коммерции

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top