ЧЕҲРАИ АСОСИИ ИНСОНРО ЗАМОНЕ ДАРК МЕКУНИ, КИ...

Қаҳрамони миллат Эмомалӣ Раҳмон андешаи баланде барои мардони соҳибватан дорад, ки “Тоҷикистон сарзамини пурганҷ аст, вале боигарии асосии он фарзандони бо нангу номусаш мебошанд”.Ин андешаи Пешвои миллат аз матонату худшиносӣ ва меҳанпарастии мардони соҳибхирад, ватандӯст ва худогоҳ мебошад, ки дар ҳар корзоре, сангарҳои вазнини ватансозӣ ва истилогарони аҷнабӣ арзиши Ватан, миллат ва номуси ватансозиро аз ҳама боло гузошта, ҳатто худро қурбон кардаанд.  

Аммо  таърих низ шаҳодат медиҳад, ки ҳар нафаре, ки ба хотири молу сарват ва ҷоҳу ҷалол ватанро фурухтааст, оқибат зери девори маломат ва  пушаймонӣ мурдааст ё ин ки сарлашкаре ва ё  хоҷаи соҳибзараш ӯро ба қатл расонидааст. Ба хотире, ки ин ватанфуруш барои молу сарват, ҷоҳу мансаб ва ё тарсуии худ ба миллату ватанаш садоқат надошт ба ӯ низ чунин аст.  Мисоли он ки бонуи Спитаман ва падараруси ин қаҳрамон ба хиёнат даст заданд, оқибат бо маломат ва нафрати император Искандар ба хотири хиёнат ба шавҳару ватанашон кушта мешаванд.

Назари дигар бо овардани ин тамсил он аст, ки имрӯз низ чунин нотавонбинон дар баробари ин ҳама осудагию ободии Ватан, оромии миллат ва бунёдкории родмардони ин сарзамин барои ваъда ё дарёфти ҷоҳу ҷалол, давлату моли дунё аз хоҷаҳои нотавонбини худ маъмур ба ин амали нангин гаштаанд.

Ҳувайдост, ки ТЭТ ҲНИ дар либоси дӯст даромада, чандсол минбаророӣ карда, чанд нафареро мағз шустанд. Билохира чун сири ғараз аз онҳо ошкор гардид, фирор карда, аз дур ноҷавонмардона, миллатро ба ҳангомаву дасисаҳои худ олуда мекунанд. Вале возеҳ аст, ки миллати мо ба чанд сол қабл аз чунин дасисаҳо ёдгоре дар хотираҳо доранд. Ҳаргиз ба фиреби хоини дар либоси дӯст бовар нахоҳанд кард ва нафаре, ки чун Кабирӣ дар ягон корзори ватансозӣ пешсаф нашудааст ё хотирае аз ҷавонмардии ӯ надоранд чӣ гуна пайравӣ кунанд?

Рушантарин амали ин даъвогарони ватагӯй ин аст, ки чанд ҷавонеро ба дами тир кашиданду чандеро ба гумроҳӣ бурданд. Танҳо чанд нохудогоҳу бетафаккур дар хориҷи кишвар фирефта шуда бо онҳо пайвастааст, ки баъди чанде аз ин гуруҳ бонафрат худро канор мегиранд. Зеро дарк мекунанд, ки бузургтарин душман пинҳон будани душманист.

 Макони омадаатро фаромуш бикуни пас дар макони мерафтаат гум мешавӣ. Яъне онҳое, ки Паймони миллӣ таъсис додаанд, яқинан макони омадашонро фаромуш кардаанд, ки Ватан-Модар аст ҷойи таваллудашон ва дар макони рафтаашон гум мешаванд.... Хиёнаткор ҳар куҷое бошад, хиёнаткор аст. Ҳар касе аз ин сир огоҳ шуд ӯро бо нафтар аз худ дур мекунад.

 

 Саидов С.-коршинос

Наш адрес

Адрес: 734061, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Дехоти 1/2, Таджикский государственный
университет коммерции

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top