ҶАВОНОН – НЕРӮИ ШИКАСТНОПАЗИР ДАР МУҚОБИЛИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

    Яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст  ин терроризм мебошад.  Гурӯҳҳои ҷиноятӣ барои ба ҳадафҳои нопоки сиёсӣ расидан ба эътиқоди динии шахсони зудбовар таъсир расонида, онҳоро бовар кунониданӣ  мешаванд, ки сиёсати давлатдории ҷаҳони имрӯза бар зидди ақидаҳои динӣ амал мекунанд. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд аз аҳкоми дини мубини ислом истифода бурда, ба ҳадафҳои нопоки худ ноил гарданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қурбони аксари ҷиноятҳои террористӣ дар минтақаҳои гуногуни олам ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, мақсад ва сабаби пайдоиш ва афкори терроризмро биёмӯзанд ва барои бартараф намудани он кӯшиш намоянд, то ба сулҳ, ваҳдат, амният ва зиндагии шоистаи кишвар халал ворид нанамоянд . 

Дар замони муосир, ки илму техника асоси пешрафти ҷомеаро ташкил медиҳанд ва ҷавонон ба он дастёбӣ доранд, онҳоро зарур аст, ки пойбанди расму оинҳои  хурофотӣ нашуда, кӯшиш намоянд, то ҳамқадами замон бошанд ва аз дастовардҳои илмию техникӣ огоҳ гардида, ҷаҳонбинии худро васеъ  намоянд. Талошҳои ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи  кишвари азизамон бовар ба он месозад, ки онҳо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ тамоми нерӯи ақлонии худро дар оянда низ барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои пешрафта сафарбар менамоянд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ бо назардошти рӯйдодҳои сиёсии солҳои ахир ва ба хотири ҳимоят аз ҳадафу ва манфиатҳои миллӣ дар тамоми кишварҳо бар муқобили ин падидаи номатлуб даст ба муборизаҳои беамон бурда   ҷавононро зарур аст, ки дастаҷамона аз як гиребон сар бароварда, сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи Ҳукумати мамлакатро  ҷонибдорӣ намуда, барои решакан намудани тухми палиди ифротгароӣ камари ҳиммат банданд.

 

Ҳасанова Моҳира-мутахассис

Наш адрес

Адрес: 734061, Республика Таджикистан, г. Душанбе, ул. Дехоти 1/2, Таджикский государственный
университет коммерции

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top