Падидаи нохуши замони муосир

12 - уми феврали соли 2020 дар донишгоҳ бо саъю кӯшиши раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии муқовимат бар зидди коррупсия ва экстремизми Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар дар мавзӯи “Экстремизм ва терроризм – зуҳуроти номатлуби замони муосир”  баргузор гардид, ки дар он сардори раёсати тарбия ва рушди иҷтимоӣ Акрамов Ф. М.,  роҳбари ташкилоти мазкур М. Назарзода, намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ М. Муҳаммадӣ ва Вазорати корҳои хориҷӣ Ҳ. Табаров бо омӯзгорону донишҷӯён вохурӣ намуданд.

Нахуст, ҳамоишро Акрамов Ф. М. бо сухани муқаддимавӣ  оғоз намуда, идомаи онро ба М. Назарзода вогузор кард. Мавсуф доир ба санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва мақсаду мароми ташкилот, ҳайат ва доираи ҳамкории он бо мақомоти гуногуни ҳифзи ҳуқуқ ибрози андеша намуд.

 

 

Дар идомаи семинар  М. Муҳаммадӣ, Ҳ. Табаров ва муаллими калони кафедраи ҳуқуқи тиҷорат Ф. Ҷабборов перомуни тероризму ифротгароӣ, бедории маънавӣ ва зиракии сиёсии ҷавонон суханронӣ карданд. Ҳуқуқшинос Ф. Ҷабборов доир ба масоили мавриди назар чанд пешниҳод намуд.  Дар фарҷом   Акрамов Ф. М. ба намояндагони ниҳодҳои мазкур барои гузаронидани чунин семинари пурмазмуну судманд изҳори сипос кард.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top