Шӯрои илмӣ-методӣ

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Шӯрои илмӣ-методӣ фаъолият менамояд, ки дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ ташкил карда шуда, мақсаду муҳтавои он аз беҳтар намудани сифати таълим, такмили маҳорату малакаи касбии омӯзгорон, ҷустуҷӯи роҳу усулҳои босамари таълим ва истифодаи технологияи муосири инноватсионӣ дар раванди таълим иборат аст.

Фаъолияти Шӯрои илмӣ-методии донишгоҳ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, “Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ”, “Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, фармоишҳои ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ойинномаи донишгоҳ ва қарорҳои Шӯрои олимон ба роҳ монда шудааст.

Ҳайати Шӯрои илмӣ-методии донишгоҳ аз муовини якум, муовини ректор оид ба таълим (раис), муовинони ректор, сардори раёсати таълим, раисони комиссияҳои методии факултетҳо, котиби Шӯрои илмӣ-методӣ ва омӯзгорони ботаҷриба ташкил ёфтааст.

Шӯрои илмӣ-методӣ дар доираи салоҳияти худ тибқи фармоиши ректори донишгоҳ комиссияҳо ва гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, ба сохтор ва ҳайати комиссияҳо тағйирот ворид менамояд.

Шӯрои илмӣ-методӣ дар доираи вазифа ва салоҳиятҳои зерин фаъолият менамояд:

– муайян кардани дурнамо ва самтҳои фаъолияти ҷории таълимию методии донишгоҳ;

– ҳамоҳангсозии фаъолияти таълимию методии омӯзгорону кормандони факултетҳо, кафедраҳо ва сохторҳои таркибии донишгоҳ дар самти таҳияю такмили лоиҳаи нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ, силлабусҳо, дастурҳои таълимӣ-методӣ, тавсияҳои методӣ, таълифи китобҳои дарсӣ, коркарди меъёри баҳодиҳӣ ба дониши донишҷӯён;

– таҳияи тавсияҳои боэътимоди илмӣ доир ба масъалаҳои ташкил ва такмили корҳои таълимию методӣ аз рӯйи равияҳо, ихтисосҳо ва тахассусҳои  донишгоҳӣ;

– таҳия ва таъмини тавсияҳои методӣ оид ба мураттаб сохтани ҳуҷҷатҳои меъёрии донишгоҳӣ роҷеъ ба корҳои таълимию методӣ (лоиҳаи талаботи ҳадди ақалли мазмуну мундариҷаи Стандартҳои давлатии таълимии маълумоти олии касбӣ, лоиҳаи нақшаҳои корӣ, намунавӣ ва таҷрибавии таълимӣ, таҳияи барномаҳои таълимии фаннӣ (силлабусҳо, маҷмӯи саволу ҷавобҳои тестӣ (санҷишӣ), саволу ҷавобҳои рейтингӣ), таҳияи ҳуҷҷатҳои ҳисоби воҳиди штатҳо ва тақсими сарбориҳои таълимии омӯзгорон, низомномаҳо ва дастуруламалҳои донишгоҳӣ);

– ширкат дар таҳияи тавсияҳо оид ба такмили таснифоти ҷумҳуриявии ихтисосҳо, равияи ихтисосҳо ва тахассусҳое, ки аз рӯйи онҳо мутахассисони дорои таҳсилоти олии донишгоҳӣ тайёр карда мешаванд;

– таъмини таҳияҳои илмию методӣ ҷиҳати татбиқи технологияи инноватсионӣ дар раванди таълим ҷиҳати мутобиқ намудани ҷараёни таълими донишгоҳӣ ба фазои умумиҷаҳонии таҳсилот (низоми таҳсилоти кредитӣ, усули фосилавии таълим, истифодаи технологияи компютерӣ ва интернет дар ҷараёни таълим, шиносоӣ бо нанотехнология ва дигар воситаҳои иттилоотӣ-иртиботӣ);

– таҳлилу натиҷагирии сатҳи донишазбаркунии донишҷӯён, таҳияи тавсияҳои методӣ оид ба мониторингу назорати сифати таълим ва аттестатсияи донишҷӯён;

– таҳлили натиҷаи корҳои илмию методии омӯзгорону кормандони факултетҳо, кафедраҳо, сохторҳои таркибӣ, омӯзгорони алоҳида ҷиҳати бозсозии раванди таълим ва татбиқи таҳияҳои илмӣ дар ҷараёни таълим;

– омӯзиши таҷрибаи пешқадами омӯзгорону кормандони факултетҳо, кафедраҳо, омӯзгорони алоҳидаи донишгоҳӣ ва муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ доир ба ташкили раванди корҳои таълимию тарбиявӣ ва татбиқи он ба тавассути чорабиниҳои илмию методии донишгоҳӣ (баргузор кардани конференсияҳо, семинарҳои илмӣ-методӣ, таҳияи маҷмӯаи илмӣ-методии донишгоҳӣ, хабарномаи методӣ, намоиши эҷодии омӯзгорон);

– омӯзиш, натиҷагирӣ ва назорати ҷараёни таҷрибаомӯзии таълимӣ, омӯзгорӣ, истеҳсолӣ, илмӣ-технологӣ, илмӣ-истеҳсолӣ, пешаздипломии донишҷӯёну магистрантҳо (назарпурсиҳои сотсиологӣ, анкетагирӣ, конференсияҳои методӣ ва ғайра.);

– таҳияи тавсияҳо оид ба такмили сатҳи тайёрии назариявӣ ва амалии мутахассисони донишгоҳ;

– таҳлили таъмин будани донишҷӯёну омӯзгорон бо адабиёти илмӣ-методӣ;

– омоданамоии мавод доир ба масъалаҳои мубрами илмию методӣ барои баррасӣ ба Шӯрои олимон ва Маркази таълимӣ-методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Шӯрои илмӣ-методӣ дар назди Шӯрои олимони донишгоҳ мақоми ҳисоботдиҳанда мебошад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top