Бахши таъминоти ҳуқуқӣ

Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ сохтори таркибии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон буда, бо мақсади ташкили таъмини ҳуқуқии фаъолияти донишгоҳ таъсис  дода шудааст ва бевосита ба ректор итоат мекунад.

Шуъба фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи донишгоҳ, фармоишу супоришҳои ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, инчунин Низомномаи шуъба амалӣ менамояд.

Вазифаи асосии шуъба мусоидат кардан ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти меҳнатии раёсати донишгоҳ, кормандон, омўзгорон ва фаъолияти таҳсилотии донишҷўёни донишгоҳ мебошад.

Инчунин, ба роҳ мондани назорат барои мувофиқатии лоиҳаи санадҳои меъёрии донишгоҳӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои асосии шуъба ба шумор меравад. Лоиҳаҳои аз тарафи воҳидҳои сохтории донишгоҳ таҳияшуда, пас аз мувофиқа намудан бо кормандони шуъба барои тасдиқ ба Шўрои олимон ва раёсати донишгоҳ пешниҳод карда мешаванд.

Пешниҳоди машваратҳои ҳуқуқӣ ба омўзгорон, кормандон ва донишҷўён низ яке аз вазифаҳои муҳимтарини шуъба ба ҳисоб меравад.  

Дар сохтори шуъба 2 нафар корманд фаъолият менамояд:  мудири  шуъба ва ҳуқуқшинос оид ба донишҷўён.

Аз 1-уми феврали соли 2022 Ҳурматов Қиличбек Егамович дар вазифаи мудири шуъба фаъолият менамояд.

Хуҷаев Фирдавс Бобоёрович ҳуқуқшинос оид ба донишҷўён мебошад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top