Аз санаи 28.10.2017 то 04.11.2017 дар Донишгоҳи Мидлсеки Лондони Британияи Кабир семинар-трейнинг дар доираи лоиҳаи Эразмус+ KA2 “PAWER” 574099-EPP-1-2016-1-IT-EPPKA2-CBHE-JP) баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони 13 донишгоҳҳои мухталифи Осиёи Миёна, Аврупо, Қафкоз, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Муғулистон ширкат варзиданд. Мақсади семинар-трейнинг ин омода намудани мутахассисон оид ба фаъолият ва мукаммалгардонии низоми кредитии таҳсилот ва низоми таҳсилоти Болония мебошад.
Дар рафти семинар аз ҷониби коршиносони лоиҳаи номбурда маърузаҳои гуногун пешниҳод шуда, масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
- ба роҳ мондани мубодилаи байниминтақавӣ ва таъмини аҳмиятнокӣ, сифат ва дастрасии баробар ба таълимот,
- роҳҳои бартараф намудни масоили эътирофи кредитҳои азхуданамудаи донишҷȳён ва устодон,
- низоми таҳсилоти Болония ва нақши он дар пешрафти таҳсилоти илми-байналмилалӣ,
- таҳияи ҳисобот дар асоси тадқиқоти гуруҳи кории лоиҳа,
- ташкил намудани ҳамкориҳои нави стратегӣ дар доираи барномаи Эразмус+ КА1 ва КА2 оид ба мубодилаи донишҷȳён ва устодон (International Credit Mobility Program & Capacity Building Program) бо донишгоҳҳои ҳамкори лоиҳа, (барномаи семинар-трейнинг замима шудааст)
Инчунин, аз ҷониби мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Абдувалиев Мубинҷон маърȳза дар мавзȳи «Таҷрибаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон оид ба табодули донишҷȳён ва устодон дар доираи барномаи аврупоии Эразмус+ КА1 ва КА2» пешниҳод карда шуд.
Дар анҷоми семинар иштироккунадагон бо сертификатҳои лоиҳаи номбурда мукофотонида шудаанд. Дар нақша ҳаст, ки оиди сифат ва натиҷагирии раванди барномаи мазкур дар донишгоҳҳои аъзои лоиҳа ва, инчунин, дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикитсон вохȳриҳо ташкил карда шаванд.
шуъбаи робита бо ҷомеа