Ба ифтихори рȳзи Конститутсия

Бинанда: 3886 | Санаи нашр: 14 Ноябр 2016

5-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба ифтихори 22 юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади бошукуҳ баргузор гардид.

Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ, профессор Шарифзода Мумин Машокир ҳусни оғоз бахшида, ба таври мухтасар дар бораи зарурати қабули ин санади тақдирсози давлату миллат, аҳамияти таърихӣ ва эҳтиром гузоштан ба он, ки 22 сол муқаддам, яъне 6-уми ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣқабул гардида, ба он се маротиба тағйирот ворид карда шуда буд, суханронӣ намуд.

Сипас, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори кафедраи ҳуқуқи тиҷорати донишгоҳ Солеҳҷон Иброҳимов дар мавзȳи "Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ" маърȳзаи пурмазмун намуд.

Баъдан донишҷȳи курси 4-уми ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон Нурмуҳаммад Мирзоев ва донишҷȳи курси 1-и ихтисоси 240103 Зебо Шарифзода зимни суханрониҳои хеш дар хусуси бобҳои ҷудогонаи Конститутсия, аз ҷумла асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ташкили ҳокимияти давлатӣҳарф зада, шеърҳои навқаламонаи ба Конститутсия бахшидаи худро қироат намуданд, ки писанди аҳли толор гардид.

Дар анҷоми қисми тантанавии чорабинӣ аз ҷониби ректори донишоҳ ба як гурȳҳ устодону донишҷȳён ва кормандони фаъоли донишгоҳ диплому ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон супорида шуданд.

Баъди ба охир расидани қисми тантанавии ҷамъомад, қисми фарҳангии он бо суруди "Тоҷикистон" дар иҷрои донишҷȳи курси 4-уми факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқҶамила Давлатова (бояд ёдовар шуд, ки масъули доир намудани ин чорабинии сиёсию фарҳангӣ факултаи муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ маҳсуб меёфт), оғоз ёфт. Суруди "Ту садбарги кадом боғӣ", дар иҷрои магистри соли 2-юм Сиёвуш Розиқов, дар рақс донишҷȳи курси 2 Маҳварбону Султонова, рақси "Навои Бадахшон дар иҷрои донишҷȳдухтари курси 1, суруди "Пешвои миллат" дар иҷрои Сиёвуш Розиқов ва донишҷȳи курси 1 Иброз Қузиев, суруди умумии "Идат муборак, Тоҷикистон!", ки бо маҳорати баланд иҷро карда шуда, ба дилҳо шодию сурур бахшиданд, қисми фарҳангии барномаи ҷашниро ташкил доданд.

Р. Шариф

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top