Мизи мудаввар дар мавзȳи “Бахтномаи миллат”

Бинанда: 2168 | Санаи нашр: 14 Ноябр 2016

4-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба 22-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзȳи "Конститутсия санади муқаддасу тақдирсози миллат" гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ, ки бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, профеесор Шарифзода Мумин Машокир оғоз ёфт, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбекзода Ҳабибулло, вакили маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралиён Қиёмиддин, муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Изатулло, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулзор Муҳаббат Мамадкарим дар бораи ин ҳуҷҷати сарнавиштсози давлату миллат, бахусус заминаҳои таъсиси Конститутсия, зарурияти қабул кардани он ва тағйиру иловаҳо ворид намудан ба Конститутсия суханронӣ карданд.

Сипас, муовини декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Камолзода Илҳом, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Фирȳз Табаров, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДДТТ Абдуҳалим Ҳомидов бо маърȳзаҳои пурмазмун баромад карда, бо мисолҳои мушаххас аҳамияти таърихии ин санади муқаддас, эҳтиром гузоштан ба Конститутсия ва риояи қатъии қонунҳои амалкунандаи ҷумҳуриро, ки яке аз муҳимтарин омилҳои амнияту осоиштагӣ ва устувории давлат ба ҳисоб мераванд, баён намуданд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top