Садорати факултети МИБ ва ҳуқуқ бахшида ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футболи хурдро дар байни донишҷȳёни факултет баргузор намуд, ки дар он 16 дастаи донишҷȳёни гурȳҳҳои таълимӣ ширкат варзиданд. Дастаи донишҷȳёни курси 1-уми ихтисоси 250103-А сазовори ҷойи аввал гардиданд ва Ҷоми факултетро соҳиб гаштанд. Мақоми 2-юм насиби дастаи донишҷȳёни курси 3-юми ихтисоси 240101 ва ҷойи 3-юмро дастаи донишҷȳёни курси 2-юм 250103- Г сазовор шуданд.
Боиси ифтихор аст, ки дар ҷамъбасти Ҷоми факултет оид ба футболи хурд, ректори Донишгоҳ д.и.и., профессор Шарифзода М.М. ширкат намуда, ба ғолибони мусобиқа мукофотҳои пулӣ ва ифтихорномаҳо супориданд.