Вохȳрии ректори донишгоҳ д.и.и., профессор Шарипов М.М. бо омȳзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Восеъ

Бинанда: 2464 | Санаи нашр: 25 Феврал 2016

    Санаи 18.02.2016  ректори донишгоҳ д.и.и., профессор Шарипов М.М.  бо  омȳзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Восеъ  вохȳрӣ доир намуд, ки мақсад аз гузаронидани вохȳрӣ омȳзиши Паёми  Асосгузори  сулҳу  Ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташвиқу таблиғи ихтисосҳои мавҷудаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тибқи феҳристи ММТ- и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар чорабинии мазкур инчунин мудири маорифи ноҳияи Восеъ Гурезов С.И, прокурори ноҳия Пулодӣ У.Т, котиби Шȳрои олимони донишгоҳ Маҳсудинова Р.Ғ.  иштирок ва суханронӣ намуданд.
    Ректори донишгоҳ дар рафти суханронии  худ  қайд намуданд, ки  Асосгузори  сулҳу  Ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон маорифро яке аз соҳаҳои афзалиятнок  арзёбӣ намуда, барои ислоҳоти ботадриҷ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ташаккули низоми таҳсилоти муосир ва таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ диққати махсус медиҳанд. Дастурҳои Сарвари мамлакат мо кормандони соҳаи маорифро водор  месозад, ки нисбати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва аз бар намудани илму касбҳои гуногуни хонандагон ва донишҷȳёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар боз ҳам бештар ҷидду ҷаҳд намоем.
    Бояд қайд намоям, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар тайёр намудани   мутахассисони баландихтисоси рақобатпазир  дар бозори меҳнат аз рȳи 28 ихтисос бо се забон-тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ саҳми босазо дорад. Базаи моддиву техникии донишгоҳ бо талаботи ҳозиразамон ҷавобгȳй мебошад.Шумо метавонед ихтисосҳои донишгоҳро тибқи феҳристи ММТ-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рамзи 106  интихоб намуда,  ба донишгоҳ дохил шавед ва таҳсили хешро идома диҳед.

                                                                                                                         Шуъбаи кор бо ҷавонон

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top