Пешвои миллат будани Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон амри воқеист

Бинанда: 6044 | Санаи нашр: 17 Декабр 2015

Мо, аҳли коллективи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон меҳру самимият ва ихлосу эътиқоди хешро нисбат ба Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати оқилонаву созандаашон бо камоли қаноатмандиву иродат иброз медорем, шукри даврони озодиву истиқлолият мекунем ва аз дастовардҳои таърихии кишвар ва ободии диёрамон, ки ба шарофати ин фарзанди фарзонаи миллат, сиёсатмадори барҷастаи замон, таҷассумгари давлати навини тоҷикон – Пешво, раҳбар, раҳнамо, муршид ва сарвари муаззами Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо имконпазир гардидаст, басо меболему мефахрем.
Хидматҳои бузург, содиқона ва бебозгашти Сарвари кишвар дар назди халқу Ватан аз ҷониби аҳли ҷомеа кайҳост, ки комилан эътироф шудааст. Имрӯз халқу миллати тоҷик ифтихорманд аз он аст, ки Офаридгор чунин шахси шуҷову далер, равшанфикру маърифатпарвар, Пешвои ҷонсупору хидматпешаро насибаш гардонидааст. Хизматҳои Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот ва шукуфоии кишвар беназир аст. Ин шахсияти барозандаи таърих киштии тӯфонзадаи Тоҷикистонро ба соҳили мурод расониданд. Маҳз эшон нерӯи бузурги созандагӣ ва бунёдкории мардуми Тоҷикистонро ба зуҳур оварданд, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандони моро хеле ва хеле боло бурданд. Бинобар ин аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 декабри соли 2015 қабул намудани қонуни мукаммал дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат хеле амри воқеӣ буда, ҳайати устодону донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ҳисси баланди ифтихор пешниҳоди расман пешвои миллӣ номидани Президенти мамлакат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.
Эъмори сулҳу ваҳдат ва Пешвои номвари миллат Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки моро ба решаҳои тавонои давлату давлатдории чандҳазорсолаамон пайваст намоянд, то ки аз шоҳроҳи он ба ҷисму ҷони давлати соҳибистиқлоли миллиамон қувваи тоза ва нерӯи солим дамад. Хидматҳои сиёсӣ ва раҳбарӣ ба давлати аз ҷониби ҷомеаҳои мухталифи ҷаҳонӣ эътирофшудаи Тоҷикистон дар шароити ҳассос ва муассири ҷаҳон номи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро мондагор кард.
Корномаву ҷасорати хосаи Президенти маҳбуби кишвар дар роҳи сохтмони банду басти давлати Тоҷикистон, фароҳам овардани сулҳу суботи комил ва якпорчагии Ваҳдати миллат, беҳдошти вазъи сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанги ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо, ривоҷу равнақи тамаддуни имрӯзаи тоҷикон, сохтмонҳои азим ва иншоотҳои пуриқтидори саноативу энергетикӣ чеҳраи Эмомалӣ Раҳмонро ба сифати шахсияти нерӯманди майдони сиёсат ва маънавияти миллат намудор менамояд. Чеҳра ва симои Ҷаноби Олӣ воқеан беҳтарин намунаи чеҳраи миллӣ ва олитарин намунаи тоҷикият ба намо меояд.
Мусаллам аст, ки соҳаҳои гуногунҷабҳаи хоҷагии халқи Тоҷикистони соҳибистиқлоламон таҳти сарварии бевоситаи Пешвои миллат сол то сол рушду нумӯъ ёфта, мардуми шарафманди кишварамон дар фазои осоишта, ризоияти ҷомеъа ва ваҳдати миллӣ ба ояндаи дурахшон қадамҳои устувор мегузоранд. Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хосатан маорифро соҳаи асосӣ ва афзалиятнок эълон намудаанд ва баҳри рушду нумӯи ҳамаҷонибаи мактабу маориф ва таҳсилоти олӣ, боло рафтани сатҳи зиндагӣ ва беҳтар гардидани шароити зисти омӯзгорон пайваста ѓамхорӣ зоҳир менамоянд.
Боиси ифтихор ва сарфарозии ҳайати профессорону устодон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли 2009 дар Рӯзи дониш ба донишгоҳи мо ташриф оварданд ва он рӯз Ҷаноби Олӣ бинои нави таълимиро кушода, дар баромади хеш ба фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи низоми кредитӣ баҳои баланд доданд.
Аҳли коллективи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ нисбати беҳдошти сифати таълим, баланд бардоштани дараҷаи касбии омӯзгорон, мусаллаҳ намудани донишҷӯён бо технологияи навини компютерӣ, аз бар намудани забонҳои хориҷӣ, мутобиқ намудани ҷараёни таълим ба талаботҳои байналмилалии таҳсилот, куллан беҳтар гардонидани тамоми зинаҳои таҳсилоти олӣ, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир ва ба ин васила ҳисса гузоштан дар пешрафти иқтисодиёт ва рушду нумӯи кишвари азизамон ҳамаҷониба талош дорад.
Донишгоҳи мо минбаъд низ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Президенти хирадпеша ва маънавиятсиришти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тамоми нерӯву маҳорати худро барои тарбияи шогирдони донишманду қобилиятнок, огоҳу бедордил, ватандӯсту меҳанпараст, хушахлоқу бомаърифат, ҷӯяндаву созанда, шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солим ва ахлоқи ҳамида сафарбар хоҳад сохт.

Шарипов М.М.,
ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top