Мизи мудавар

Бинанда: 3287 | Санаи нашр: 17 Декабр 2015

14 декабри соли 2015 бо ташабуси шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Мизи мудавари устодон ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ бахшида ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» баргузор гардид. Чорабиниро ректори донишгоҳ д.и.и., профессор Шарипов М.М. ҳусни оѓоз бахшида аз ҷумла қайд намуд, ки «аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 декабри соли 2015 қабул намудани қонуни мукаммал дар бораи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» хеле амри воқеӣ буда, ҳайати устодону донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ҳисси баланди ифтихор пешниҳоди расман пешвои миллӣ номидани Президенти мамлакат, Қаҳрамони Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд»
Дар чорабинии мазкур якчанд устодон ва донишӯёни фаъоли донишгоҳ дотсент, Бойалӣ Ҳусейнов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ, Абдуҳалим Ҳомидов, донишҷӯи курси 4, ихтисоси 240103 Раҳмонзода Меҳринисои Ислом, донишҷӯи курси 3, ихтисоси 25010800 Додарбеков Саъдӣ ва донишҷӯи курси 2, ихтисоси 250103 Дилоева Мадина баромад намуда, оиди корномаву хидматҳои бузурги сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳиссиёти баланд ҳарф заданд ва қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» - ро ҳаматарафа дастгириву ва пуштибонӣ намуданд.

 

 

Мутахассиси пешбари 
шуъбаи кор бо ҷавонон, Сафаров Ҷ.А.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top