Коромӯзӣ ва рушди касбият

Бинанда: 1525 | Санаи нашр: 24 Январ 2019

Баланд бардоштани сатҳу  сифати таълим ва ноил гардидан ба дастовардҳои назарраси илмию тадқиқотӣ ва иннноватсионӣ мақсади асосии Раёсати донишгоҳ ба ҳисоб меравад.

Бо ин мақсад дар донишгоҳ чорабиниҳои зиёд доир карда мешаванд. Семинари илмӣ – методие, ки рӯзи 24-уми январи соли 2019 доир гардид, аз ҷумлаи чунин чорабиниҳо буд.

Дар семинар номзади илми иқтисодӣ, дотсент Маҳмадназар Ҷамшедов дар мавзӯи “Баланд бардоштани сифати гузаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ” суханронӣ намуда, андешаҳояшро перомуни роҳу воситаҳои беҳтар гардонидани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, ки ба рушду такомули дараҷаи касбии мутахассис мусоидат менамояд, баён кард.

Дар анҷоми семинар ба саволҳои аҳли нишаст посух гуфта шуд.

  

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top