Санаи 10.12.2015 дар толори фарҳангии донишгоҳ ҷиҳати иҷрои мактуби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Таронаҳои донишҷӯи» баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 20 нафар донишҷӯён дар доираи фарҳанги миллӣ бо ҳам омехта намудани мусиқии мардумӣ ва мусиқии муосир (шашмақом, фалак, опера, реп, ҷаз, рок, поп ва ғайра) дар мавзӯҳои Ватан, модар, истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ, муқаддасот ва ғайраҳо, сурудҳои омоданамудаи худро ба ҳайати ҳакамон пешкаш намуданд.
Бо хулосаи ҳакамон донишҷӯёни зерин сазовор ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд:
Ҷои якум: Зайнаби Файзулло курси – 1, ихтисоси 240101
Ҷои дуюм: Давлатова Ҷамила курси – 4, ихтисоси 250103
Ҷои сеюм: Сиёвуши Раҳматулло курси – 1, ихтисоси 25010402 
Иштирокчиёни фаъол: 
 Бахтовари Тағоймурод курси – 2, ихтисоси 25010700
 Амонов Шукрулло курси – 3, ихтисоси 960101
 Раҳимов Насим курси – 3, ихтисоси 250103
  
Шуъбаи кор бо ҷавонон
 
						Тоҷикӣ																													
		
							Русский											
							English (UK)											