Рӯзҳои 26 октябр то 2 ноябри соли 2015 дар донишгоҳ мусобиқаҳо аз намудҳои тенниси рӯи миз, шоҳмот ва волейбол дар байни донишҷӯёни донишгоҳ гузаронида шуд.
Дар мусобиқа аз намуди тенниси рӯи миз донишҷӯи курси 2 ихтисоси 250104, Ҳакимов Парвиз сазовори ҷои 1-ум ва Шакаров Дилшод донишҷӯи курси 2-юм ихтисоси 250108б. сазовори ҷои 2-юм гардиданд.
Дар мусобиқа аз намуди шоҳмот донишҷӯи курси 3 ихтисоси 250108р Мирзоев Шодмон сазовори ҷои 1-ум ва Шомусаламов Иброҳим донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 240101, сазовори ҷои 2-юм гардиданд.
Дар мусобиқа аз намуди волейбол дастаи волейболбозони факултети МИБ ва ҳуқуқ сазовори ҷои 1-ум ва дастаи волейболбозони факултети Иқтисодиёт ва менеҷмент сазовори ҷои 2-юм гардиданд.