Семинари омӯзишӣ ва таъсиси гурӯҳи роҳбаладони ҷавон

Бинанда: 2461 | Санаи нашр: 26 Октябр 2015

Устодон ва донишҷӯёни кафедраи менеҷменти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар семинари омӯзишӣ оид ба масъалаҳои рушди самараноки фаъолияти туристӣ дар ноҳияи Ҳисор, ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи баргузории 3000 солагии ноҳияи Ҳисор дар таърихи 23 октябри соли 2015 ташкил карда шуда буд, иштирок ва баромад намуданд.
Бо мақсади иҷрои босамари Нақшаи чорабиниҳо оид ба муаррифии имкониятҳои туризми дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзиширо бо иштироки роҳбарияти муассисаҳои олии таълимӣ, субъектҳои хоҷагидорӣ соҳаи туризм, оид ба масъалаҳои рушди самараноки фаъолияти туристӣ дар Қалъаи Ҳисор доир намуд. Дар ин замина барои хизматрасонӣ ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ дар Қалъаи Ҳисор аз ҳисоби донишҷӯёни риштаи туризми Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Точикистон гурӯҳи роҳбаландони ҷавон иборат аз 20 нафар, ки бо забонҳои русӣ ва хориҷӣ озодона сӯҳбат мекунанд, таъсис дода шуд. Ҳадафи аслии чорабинии мазкур, ин андешидани тадбирҳои судманд баҳри ҳарчи бештару беҳтар тарѓибу ташвиқи захираҳои туристии Ҷумҳурии Точикистон, инчунин ҷалб намудани ҷавонон ба соҳаи туризм ва омодасозии кадрхои соҳаи туризм, алалхусус рохбаладон дар макотиби сатҳи олӣ, масъалаи қабул ва пешкаш кардани хизматрасонии муносиб ба туристони хориҷӣ мебошад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top