МАЪЛУМОТИ ВАРЗИШӢ

Бинанда: 2376 | Санаи нашр: 17 Октябр 2015

Фаррухи Салим донишҷӯи курси 3 ихтисоси 250104 шӯбаи ғоибона дар чемпионати Осиё аз намуди дзюдо байни ҷавонон, ки рӯзҳои 7-8 октябри соли 2015 дар ш.Бангкок  (Таиланд) гузаронида шуд, дар вазни 90 кг. сазовори ҷои якум гардида медали тилло ба даст овард.
Аз 6 то 8 октябри соли 2015 дар толори варзишии донишгоҳ мусобиқа дар байни донишҷӯйдухтарони донишгоҳ  мусобиқа аз намуди бадминтон гузаронида шуд. Дар мусобиқа донишҷӯи курси 2-юми иҳтисоси 260202 Тураева Р. сазовори ҷои якум, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 240101 Назарова М.  сазовори ҷои дуюм гардиданд.

Аз 7-уми октябри соли 2015 дар толор ва майдончаи варзишии донишгоҳ мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд  дар байни гурӯҳҳои факультети иқтисодиёт ва менељмент оғоз гардид. Дар мусобиқа 12 даста аз ҳамаи ихтисосҳои факултет иштирок доранд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top