Рушди инноватсионии иқтисодиёт - ҳолат ва ояндаи он

Бинанда: 2352 | Санаи нашр: 08 Апрел 2015

Аз 31 март то 3 апрели соли ҷорӣ дар Донишгоҳи кооператсия, иқтисодиёт ва ҳуқуқи ш. Белгороди Федератсияи Россия конфронси байналмилалии устодон ва аспирантон дар мавзӯи: «Маълумоти кооперативӣ дар ҳудуди муосири иқтисодию иҷтимоии Федератсияи Россия: малака ва имконияти рушди он» баргузор гардид, ки ба 70- солагии созмони ЮНЕНСКО бахшида шуда буд. Дар кори конфронс намояндагони зиёд аз мамолики хориҷӣ иштирок намуданд. Аз ҷумла декани факултети умури бонкии ДДТТ н.и.и., дотсент Қурбонов Абдукарим Раҳимович низ дар кори конфронси мазкур иштирок дошта, дар ҷаласаи ифтитоҳии он дар мавзӯи «Мушкилоти андозбандӣ ва роҳҳои ҳалли он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд. Инчунин дар доираи ин сафари хизматӣ, дотсент Қурбонов А.Р. тибқи шартномаи тарафайн, ба донишҷӯёни ихтисосҳои молия ва қарз, баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити Донишгоҳи кооператсия, иқтисодиёт ва ҳуқуқи ш. Белгороди Федератсияи Россия, дар мавзӯъҳои «Моҳияти иқтисодию иҷтимоии андоз ва андозбандӣ дар шароити муосир», «Низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Мушкилоти андозбандии байналмилалӣ ва роҳҳои ҳалли он» лексияҳо хонданд. Дар ҷараёни вохурии намояндаи донишгоҳи мо бо ректор як қатор масъалаҳо доир ба рушди ҳамкориҳои мутақобила байни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи кооператсия, иқтисодиёт ва ҳуқуқи ш. Белгороди Федератсияи Россия мавриди мусоҳиба қарор гирифт.

   

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top