16-уми январи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти гумрук, 34-солагии таъсисёбии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии ихтисоси 960101 - хадамоти гумрукӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзуи “Ташаккул ва рушди фаъолияти гумрукӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ” баргузор гардид.
Дар конференсия муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан, сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Ҷурабекзода Эраҷ, сардори шуъбаи назорати барқу гази Раёсати ташкили назорати гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори хадамоти гумрук Шоҳназари Хуҷаназари Ғуломзода, намояндагони сохторҳои гуногуни гумрук, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва хатмкардагони ихтисоси 960101 - хадамоти гумрукӣ иштирок доштанд.
Конференсияро муовини ректор оид илм ва робитаҳои байналмилалии донишгоҳ Машокиров Ҷамшед Неъматуллоевич оғоз намуда, меҳмонон ва иштирокчиёни чорабиниро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳаммият ва нақши мақомоти гумрук дар рушди устувори иқтисодиёти кишвар чунин гуфтаанд: “Гумрук дар ҳаёти ҳар як давлати соҳибистиқлол аҳаммияти фавқулодда дорад ва гузашта аз ин дарвозаи ҳар як давлат аст. Зеро аз кори мақомоти гумрук на танҳо таъмини молиявии соҳаҳои гуногуни фаъолияти давлат, балки бехатарии иқтисодӣ, фарҳангӣ, идеологӣ ва экологии он вобастагии бевосита дорад”.
Ҷамшед Машокиров ёдовар шуд, ки соли 1995 дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ихтисоси 0619 – “Фаъолияти гумрукӣ” (ҳоло 960101 – “Хадамоти гумрукӣ”) таъсис дода шуд. Гурӯҳи аввалини донишҷӯён бо барномаи таълимии нав таҳсилро оғоз карданд, ки барои Тоҷикистон комилан тозаву инноватсионӣ буд гуфта, суханро ба ректори донишгоҳ Назарзода Хайрулло Холназар дод.
Ректори донишгоҳ Назарзода Хайрулло Холназар меҳмонон ва иштирокчиёни чорабиниро аз номи Раёсати донишгоҳ ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти гумрук, 34-солагии таъсисёбии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии ихтисоси 960101 - хадамоти гумрукӣ табрику муборакбод намуд.
Хайрулло Холназар иброз дошт, ки бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти мақомоти гумрук дар кишвар рушд карда, ба омили муҳимми рушди иқтисодиёти миллӣ табдил ёфтааст.
Маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва татбиқи сиёсати ҳадафманди Ҳукумати мамлакат, инчунин, амалисозии “Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025 – 2029” мақомоти гумрук ҳоло ҳамчун як сохтори салоҳиятдор бо вазифаю уҳдадориҳои мушаххас фаъолият карда истодааст.
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аввалин шуда соли 1995 дар асоси шартнома бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (15.06.1995 таҳти №9/1259) ба тайёр намудани мутахассисони фаъолияти гумрукӣ шуруъ намуд. Тӯли 30 сол донишгоҳ зиёда аз 3000 нафар мутахассисонро аз рӯйи ихтисоси хадамоти гумрук тайёр намудааст. Имрӯз хатмкардагони донишгоҳ дар мақомотҳои гумрукӣ, сохторҳои иқтисодӣ, ниҳодҳои қудратӣ, бонкҳо, соҳаи соҳибкорӣ ва идораҳои давлатӣ фаъолият намуда, бо дониш, малака ва садоқати худ ба пешрафти давлати миллӣ саҳми арзанда гузошта, аксари онҳо зинаҳои гуногуни роҳбариро ишғол намуда, ба рушди низоми гумруки кишвар саҳми назаррас гузошта истодаанд.
Сипас, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан сухани шодбошӣ ироа намуда, иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон, соҳаи гумрук ҳамчун яке аз рукнҳои калидии иқтисоди миллӣ ташаккул ёфта, марҳила ба марҳила рушд намуда истодааст. Албатта, ҳамаи ин дастовардҳо пеш аз ҳама, самараи сиёсати хирадмандона, дурандешона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Маҳз бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат имрӯз дар низоми гумрук ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, равандҳои электронӣ, хизматрасониҳои онлайнӣ ва низоми муосири иттилоотӣ тадриҷан амалӣ гардида истодаанд, ки ин равандҳо ба соддагардонии расмиёти гумрукӣ ва баланд шудани самаранокии фаъолият мусоидат менамоянд.
Мавсуф иброз дошт, ки барои расидан ба ҳадафҳои олӣ дар ҳамаи самтҳо нақши мутахассисон бағоят бузург мебошад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи тайёр намудани кадрҳои баландихтисос аҳаммияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, рушди устувори кишварро бидуни мутахассисони донишманд, соҳибкасб ва дорои тафаккури муосир ғайриимкон меҳисобад.
Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан қайд намуд, ки дар татбиқи сиёсати кадрии давлат нақши соҳаи маориф, бахусус муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ басо муҳим аст. Воқеан, рушди ҳар як кишвар ба низоми илму маориф ва сатҳи саводнокии ҷомеаи он робитаи ногусастанӣ дорад. Маҳз сатҳи дониш ва саводнокии аҳли ҷомеа пойдории ҳар давлату миллатро ҳифз менамояд. Дар ин росто, Роҳбари давлатамон аз рӯзҳои нахустини давлатдории миллӣ ба рушди соҳаи илму маориф таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, пайваста таъкид мекунанд, ки маориф омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат буда, он калиди тамоми музаффариятҳо маҳсуб меёбад.
Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ аз таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати мамлакат илҳоми тоза гирифта, дар такмили заминаи моддию техникӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои муосири таълим, рушди неруи илмӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот, дар умум ҷиҳати рушди соҳаи маориф ва илм қадамҳои устувор мегузорад.
Гуфта шуд, ки дар омода намудани мутахассисони варзидаи соҳаи гумрук Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва махсусан кафедраи фаъолияти гумрукӣ ҷойгоҳи хоса дорад. Кафедраи мазкур дар тӯли се даҳсола бо такя ба таҷрибаи пешқадам, ҳамгироии илм ва амалия, ҷорӣ намудани барномаҳои муосири таълимӣ ва рушди тафаккури касбии донишҷӯён дар ташаккули неруи зеҳнии соҳа саҳми босазо гузоштааст. Хатмкардагони ин кафедра имрӯз дар сохторҳои гуногуни давлатӣ ва бахши хусусӣ фаъолият намуда, дар пешрафти иқтисоди миллӣ саҳми арзишманд гузошта истодаанд.
Дар конференсия олимон, муҳаққиқон ва кормандони мақомоти гумрук бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои зерини хеш ширкат варзиданд:
• Нидоев Нозимҷон Фозилович, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи фаъолияти гумруки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзуи “Мушкилоти истифодаи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти гумрукӣ: таҳдидҳо ва хатарҳои технологияи иттилоотӣ”;
• Ҷурабекзода Эраҷ, сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук дар мавзуи “Марҳилаҳои ташаккул ва рушди системаҳои иттилоотию рақамӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
• Шоҳназари Хуҷаназари Ғуломзода, сардори шуъбаи назорати барқу гази Раёсати ташкили назорати гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори хадамоти гумрук дар мавзуи “Ташаккул ва рушди хизматрасонии электронии гумрукӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ”;
• Раҷабзода Нурҳаёт Раҷаб, доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи фаъолияти гумруки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзуи “Масоили рушди хизматрасонии экспертӣ дар раванди назорати гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон”;
• Ализода Маҳмадҷон Баҳрон, н.и.и., и.в. дотсенти кафедраи фаъолияти гумруки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мавзуи “Хизматрасониҳои гумрукӣ дар шароити ҷаҳонишавии тиҷорати хориҷӣ”.
Дар муҳокимаи маърӯзаҳо муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан, ректори ДДТТ Назарзода Хайрулло Холназар, сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷурабекзода Эраҷ, профессори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Фирӯз Насриддинов, профессорони кафедраи фаъолияти гумрукии ДДТТ Нозимҷон Нидоев ва Раҷаб Раҷабов иштирок намуда, доир ба марҳалаҳои ташаккул ва рушди системаҳои иттилоотию ракамӣ дар мақомоти гумруки ҷумҳурӣ, мушкилоти истифодаи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти гумрукӣ, таҳдидҳо ва хатарҳои технологияи иттилоотӣ, хизматрасониҳои гумрукӣ дар шароити ҷаҳонишавии тиҷорати хориҷӣ ва рушди манбаъдаи соҳа андешаҳои хешро баён намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маърӯзачиён бо Сипосномаи раёсати донишгоҳ, инчунин Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба тӯҳфаи хотирмони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд









Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 