ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС - ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК

Бинанда: 526 | Санаи нашр: 13 Март 2025

Санаи 13-уми марти соли 2025 бо иқдоми навбатии бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарони раёсати корҳои тарбиявӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва гулгашту хиёбонҳои шаҳри Душанбе аксияи тарғиби либоси миллӣ таҳти унвони “Зеби чакану атлас - зебосанами тоҷик” доир гардид. Ин ташаббус бори дигар далели он аст, ки донишҷӯдухтарони донишгоҳ дар амал пайрави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, расму оин, фарҳанги миллати куҳанбунёд - тоҷиконро ҳамчун ифтихори ватандорию худшиносӣ пос медоранду муқаддас мешуморанд.   

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top