Рӯзи 13-уми марти соли.2025 бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни факултети молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мизи мудаввар дар мавзуи "Наврӯз ҷашни бузурги ачдодист!" баргузор гардид.
Дар чорабинӣ мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ Неъмонов Ҷ.М., дотсентон Шарипов М.И., Бойназаров Э.Х. ва муаллимони калон Сангова Ф.Х., Бобохоҷаева Г.Д. иштирок карданд.
Муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ Фирӯза Сангова дар мавзуи "Наврӯз ҷашни бузурги ачдодист!" маърӯзаи пурмуҳтаво намуда, оид ба таърихи пайдоиш, расму оинҳои суннатӣ, эҳёи дубораи онҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ ва мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани Наврӯзи хуҷастапай маълумоти муфассал дод.
Дар фарҷоми чорабинӣ донишҷӯён дар васфи Наврӯз, Баҳор, Истиқлоли кишвар ва Сулҳу Ваҳдати миллӣ шеъру таронаҳо қироат намуданд.