Санаи 7-уми марти соли 2025 дар доираи нақшаи чорабиниҳои раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ дар хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маҳфили доимамалкунандаи “Кадбону” бо иштироки донишҷӯдухтарон доир гардид.
Ҷамила Ғафурова – роҳбари бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарон, инчунин донишҷӯдухтарони хобгоҳ Бахтинисо, Шаҳноза, Меҳрона ва Сафина дар маҳфил таоми алафии баҳорӣ - Суманак, ки аз дигар таомҳои миллӣ комилан фарқ дорад, омода намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки омода намудани гандум барои суманакпазӣ як масъулияти хосро тақозо менамояд. Духтарон гандуми сурхи пурмағз, ки ширааш баланд аст, интихоб карда, аввал онро покиза карданд ва баъди якчанд маротиба шустан, як шабонарӯз дар зарфи обдор нигоҳ доштанд.
Сипас, гандумро ба табақи сафол рехта, ҳамвор намуда. болои онро бо матои пахтагин пӯшониданд. Ҳамарӯза саҳарии барвақт духтарон бо навбат ба рӯйи гандум об мепошиданд.
Гандуми нешзадаро бо корд дар рӯйи тахта пора карданд. Куфтаи гандумро аз элак гузаронида, аз шираи он хамир тайёр карданд. Меҳрона ба суманаки гарми тафдонӣ равғани зард омехта карда, таоми миллӣ “Чанголӣ”-ро омода намуд.