МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ВА АКСИЯИ ЭКОЛОГӢ ДАР ДДТТ

Бинанда: 546 | Санаи нашр: 03 Март 2025

Дар доираи ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Миллӣ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати сарсабзу хуррамгардонии муҳити зист, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДДТТ) маъракаи ниҳолшинонӣ ва аксияи экологии васеъро баргузор намуд.

Дар чорабинии мазкур роҳбарият, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона ширкат варзида, саҳми худро дар ободу зебо гардонидани муҳити зист гузоштанд.

Зимнан, ин иқдом ҷузъи муҳими Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 маҳсуб ёфта, дар ҳамоҳангӣ бо сиёсати экологии давлат ва иҷрои дастурҳои Паёми солонаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ амалӣ карда шуд.

Маъракаи мазкур на танҳо ба сарсабзии муҳити атроф ва беҳдошти вазъи экологӣ мусоидат менамояд, балки барои табдил додани шаҳри Душанбе ба "Шаҳри сабз" қадами устуворест.

Устодону донишҷӯёни ДДТТ бо ҳисси баланди ватандорӣ ва масъулияти экологӣ дар ин ташаббус фаъолона ширкат варзида, бо шукргузорӣ аз ободиву осоиштагии кишвар, кӯшиш намуданд то муҳити зисти худ тозаву зебо ва гулгулшукуфон бошад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top