СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗУИ “ОСЕБПАЗИРИИ ҶАВОНОНИ ИМРӮЗА ВА ВАБОИ АСР”

Бинанда: 430 | Санаи нашр: 27 Феврал 2025

Санаи 26-уми феврали соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар мавзуи "Осебпазирии ҷавонони имрӯза ва вабои аср" доир гардид, ки дар он мутахассиси диспансери наркологии шаҳри Душанбе Исматуллоев Саъдулло ва доираи васеи донишҷӯён ҳузур доштанд.

Нахуст, муовини ректор оид ба тарбия Гулнора Ҳисориева баъди пазироии иштирокдорони семинар қайд намуд, ки ҳамасола баҳри пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ ё худ бемориҳои шадид суҳбату вохӯриҳо аз ҷониби мутахассисони соҳа баҳри ҳимоя ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ аз ҷумла, донишгоҳи мо вохӯриҳои судманд доир ва баргузор карда мешаванд,

Исматуллоев Саъдулло зимни баромад оид ба таърихи пайдоиш, сабабҳои зуҳурот ва пешгирии бемории вируси норасоии масунияти одам, ки вабои аср мебошад, маълумоти васеъ дод.

Дар раванди семинар бо мутахассиси соҳа саволу ҷавоб сурат гирифт.

Дар ҷамъбасти семинари омӯзишӣ роҳбари бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарони донишгоҳ Ҷамила Ғафурова низ атрофи ин мавзуи муҳим изҳори назар карда, таъкид намуд, ки ҳар як нафарро зарур аст, ки нисбати вируси норасоии масунияти одам эҳтиёткор бошад ва дар муқобили паҳншавии ин зуҳуроти номатлуб ҳар як шаҳрванд бояд масъулиятшинос бошад.

Дар рафти семинар ба донишҷӯён тасмачаи сурх, ки рамзи мубориза алайҳи СПИД дар тамоми ҷаҳон эътироф шудааст, варақаҳои иттилоотии «5 қадам ба сӯйи нигоҳдории ВНМО» ва «Ёддошт барои ҷавонон» тақсим карда шуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top