СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗУИ «ХУШУНАТ ДАР ОИЛА ВА ПАЙОМАДҲОИ ОН"

Бинанда: 402 | Санаи нашр: 25 Феврал 2025

Санаи 25-уми феврали соли 2025 бо ташаббуси раёсати корҳои тарбиявӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Хушунат дар оила ва пайомадҳои он" бо иштироки доираи васеи донишҷӯдухтарон баргузор гардид.

Семинарро муовини ректор оид ба тарбия Гулнора Ҳисориева оғоз намуда, мазмун ва муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зӯроварӣ дар оила» -ро ба ҳозирин пешниҳод намуд.

Сипас, омӯзгорони калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ Зарафшон Каримова ва кафедраи молия ва қарз Моҳрӯ Олуфтаева дар мавзӯи “Зӯроварӣ дар оила – амали номатлуби иҷтимоӣ” маърӯза намуданд.

Дар рафти баргузории семинар инчунин фикру мулоҳизаҳои донишҷӯён оид ба сабабу омилҳои ба миён омадани зӯроварӣ ва роҳҳои бартараф кардани ин падидаи номатлуб шунида шуд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top