Мизи мудаввар дар мавзӯи “Паём - роҳнамои ҷавонон ба сӯи ояндаи дурахшон”

Бинанда: 322 | Санаи нашр: 17 Феврал 2025

Рӯзи 15-уми феврали соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Паём - роҳнамои ҷавонон ба сӯи ояндаи дурахшон” бо иштироки доираи васеи донишҷӯён ва омӯзгорон баргузор гардид.

Нахуст, чорабиниро сардори раёсати тарбия Сайфулло Авғонов ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ барномаи рушди ҷомеа ва давлат ба ҳисоб рафта, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд.

Сипас, мудири шуъбаи ҷавонон Асадуллозода Самиаъло баромад намуда, қайд кард, ки дар паём тарбияи насли наврасу ҷавон бори дигар зери таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои муаззами миллат қарор дода шуд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки Паём ин роҳнамои ҷавонон ба сӯи ояндаи дурахшон буда, дар тарбияи худогоҳӣ, хештаншиносӣ ва ватандӯстии ҷавонон нақши муҳим дорад.

Донишҷӯи курси якуми факултети иқтисод ва тиҷорат Раҳмонқулзода Субҳиддин дар суханронии хеш иброз дошт, ки ҷавонони саодатманди кишвар аз дастгирию ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳом гирифта, зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, талош менамоем, ки барои устувории ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, ободӣ ва гулгулшукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошем.

Дар фарҷом Сайфулло Авғонов кори мизи мудавварро ҷамъбаст намуда, ба иштирокчиён изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top