ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ

Бинанда: 402 | Санаи нашр: 14 Феврал 2025

14-уми феврали соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли 2024 дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд, чорабинӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ сардори шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағоймуродзода Санифа, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Валиева Саёҳат, роҳбари бахши фарҳанг ва кор бо донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Ҷамила Ғафурова ва доираи васеи фаъолдухтарони донишгоҳ иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҳисориева Гулнора Тоировна ҳайати меҳмононро ба иштирокдорон шинос намуд. Зимни баромади хеш мавсуф изҳор дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар раҳнамои зиндагии шоистаи мардум буда, диққати ҳозиринро ба масъалаҳои маорифу тандурустӣ ҷалб намуд.

Сипас, Тағоймуродзода Санифа муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои роҳбари давлат доир ба иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ташаккул додани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва фарҳанги волои шаҳрнишиниро ба самъи ҳозирин расонид.

Дар анҷоми чорабинӣ Ҳисориева Г.Т. бо боварӣ изҳор намуд, ки мо аҳли зиё ва маориф ҳар як суханронии роҳбари маорифпарвари кишварро сармашқи кору фаъолияти ҳаррӯзаи хеш қарор дода, дар рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистони маҳбуб саҳмгузорӣ менамоем.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top