ҶИЛОИ “САД РАНГИ ЧАКАН”

Бинанда: 399 | Санаи нашр: 13 Феврал 2025

Бо иқдоми наҷиби дурбинонаю ояндасози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақому манзалати нақшу нигор, сӯзанидӯзию гулдӯзии матоъҳои миллӣ, намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандон ва ҳифзи мероси фарҳанги миллии тоҷикон “Чакан” расман ба рӯйхати мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид, ки ин ифтихори миллати сарбаланду фарҳангсолори тоҷик мебошад.

Ёдовар мешавем, ки давоми солҳои охир дар тамоми қаламрави мамлакат фестивали “Сад ранги чакан” доир мегардад, ки ба дарёфт ва муаррифии ҳунармандон, чеварон ва тарроҳони соҳибкасб мусоидат менамояд.

Санаи 13.02.2025 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 77 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе даври ноҳиявии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор гардид.

Дар фестивал донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар қатори дигар иштирокчиёни фестивал дар намоиш додани либосҳои қадимии чакан, либосҳои рӯзмарра, маросимӣ, идона, расмӣ ва муаррифии навъҳои гуногуни сӯзанидӯзиро ба маърази тамошои сокинони ноҳия гузоштанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top