СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ОИЛА ВА ҶАМЪИЯТ”

Бинанда: 461 | Санаи нашр: 07 Феврал 2025

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 7–уми феврали соли 2025 бо иштироки Сардори раёсати кор бо занони ва оилаи назди МИҲД шаҳри Душанбе Маҳмашарифзода Дилрабо Маҳмашариф, собиқ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонова Руқия Атоевна, директори Маркази таълимии “Ҷароғи хидоят” Саёҳат Ғулом, мухбири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” Ситора Ашурова, командони раёсати корҳои тарбиявӣ ва доираи васеи донишҷӯёни донишгоҳ семинари омӯзишӣ зери унвони “ Оила ва ҷамъият» баргузор гардид.

Чорабиниро муовини ректор оид ба тарбия Ҳисориева Гулнора Тоировна ҳусни оғоз бахшида, баъди суханони шодбошӣ меҳмононро ба аҳли нишаст муаррифӣ намуд.

Нахуст, Маҳмашарифзода Дилрабо Маҳмашариф доир ба ҳадафи баргузории чорабинии мазкур ибрози назар карда, қайд намуд, ки миллати соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик дар тӯли асрҳои зиёд дар бобати ташкили оила ва муносибатҳои оилавӣ таҷриба ва анъанаҳоеро эҷод кардааст, ки онҳо барои наслҳои имрӯзу фардо чун ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ва ҳаёти иҷтимоӣ мактаби беҳтарини зиндагӣ ба шумор мераванд..

Сипас, Қурбонова Руқия Атоевна зимни баромади хеш аз ғамхориҳо ва эҳтироми хосса зоҳир намудани Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону бонувон ва нақши онҳо дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид намуд.

Саёҳат Ғулом бобати нақши оилаи устувор дар рушди давлатдории миллӣ, пешрафти ҷомеаи муосир, тарбия ва ба воя расонидани насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои ахлоқиву маънавӣ ва танзими ҷашну маросимҳо, ки аз умқи таърих сарчашма гирифта, то ба имрӯз меҳвари асосии ташаккули муносибатҳои оилавиро ташкил мекунад, сухан ронд.

Чорабинӣ бо табодули афкор байни иштирокчиён анҷом ёфт, ки аз таассуроти хуб бардоштану хотирмон будани семинари мазкур шаҳодат медод.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top