АКСИЯИ ТОЗАГӢ ДАР ХОБГОҲ

Бинанда: 429 | Санаи нашр: 05 Феврал 2025

Бо мақсади татбиқи нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ва бунёди гулгашту хиёбонҳои нав дар шаҳри Душанбе баён доштанд, кормандону донишҷўёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон пайваста бо ташкили маъракаҳои ҳашар-шанбегӣ ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагӣ, ободкорӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани гирду атрофи хобгоҳ саҳмгузорӣ  менамоянд.

Робита ба ин санаи 5-уми феврали соли 2025 дар доираи иҷроиши нақшаи чорабиниӽои донишгоҳӣ дар самти корӽои ободонӣ, зебопарастӣ ва сабзу хуррамгардонӣ дар гирду атрофи хобгоҳи донишгоҳ аксия доир гардид.

Бояд қайд намуд, ки кормандон ва донишҷӯёни хобгоҳ бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ барои ба тартиб даровардани дарахтони сояафкану мевадиҳанда, тозаву озода намудани гузаргоӽӽои дохил ва гирду ат-рофи  хобгоҳ, нарм намудани заминӽо дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атроф барои боз ҳам зеботар намудани пойтахти кишвар пайваста саҳми арзандаи  худро мегузоранд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top